Синон Уғон сиёсатмадори миллигарои ифротии Туркия дар нишасти хабарӣ эълон кард, ки дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз Раҷаб Таййиб Урдуғон ҳимоят хоҳад кард. Синон дар даври аввали интихобот номзади эътилофи ОТО буд ва бо гирифтани 5,2 дарсад раъйи мардум ҷойгоҳи севумро ба даст овард.
Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад, ки ҳизби “Зафар”, яке аз аъзои ин эътилоф эълом кард ин эътилоф аз ҳам пошидааст.
Таҳлилгарон пешбинӣ карда буданд ки пуштибонии Уғон аз яке аз ду номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар даври дувум, метавонад нақши калидӣ дар таъйини сарнавишти интихобот дошта бошад.
Дар даври нахусти интихобот Раҷаб Таййиб Урдуғон номзади ҳизби ҳоким Адолат ва Тавсеа 49,5 дарсади овозҳо ва Камол Қиличдоруғлу номзади эътилофи оппозисиюн 44,9 дарсад раъйҳоро ба даст оварда буданд.
Пас аз он ки интихобот ба даври дувум кашида шуд, Синон Уғон бо мақомоти эътилофи ҳоким ва ҳамчунин оппозисиюн музокиротеро оғоз карда буд.
Акнун ҳизби “Зафар”-и Умит Уздағ сиёсатмадори рости ифротӣ эълом кардааст эътилофи ОТО, ки Синон Уғонро ба унвони номзади раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ карда буд, пароканда шудааст. Умит Уздағ, ки ҳизбаш аз ташкилдиҳандагони аслии эътилофи ОТО буд, гуфтааст дар нишасти хабарии фардо эълон хоҳад кард аз чӣ номзаде ҳимоят мекунанд.
Уғон баъд аз солҳо ҳузур дар ҳошияи сиёсат, дар интихоботи соли 2023 аз сӯи эътилофи ОТО ба унвони номзади раёсатҷумҳури муаррифӣ шуд. Ў ба думболи ҷалби ризояти раъйдиҳандагоне буд, ки аз барномаҳои Урдуғон ва Киличдоруғлу қонеъ нашуда буданд ва ба вижа аз ҳамкории иттиҳоди онҳо бо аҳзоби тарафдори курдҳо ва адами тамаркуз бар “мушкили паноҳандагон” интиқод кард.
Ӯ пештар шароитеро барои ҳимоят аз яке аз ду номзад эълом карда буд аз ҷумла идомаи барномаи “мубориза бо терроризм, фосила гирифтан аз аҳзоби сиёсии мавриди ҳимояти созмонҳои террористӣ, бозгардондани паноҳҷуён”.
Синон Уғон собиқаи узвият дар ҳизби рости ифротии ҳаракати миллиро дорад. Ҳарчанд ӯ баъдтар аз ин ҳизб ихроҷ шуд.
Ҳизби ҳаракати миллӣ акнун аз муттаҳидони аслии ҳизби Адолат ва Тавсеа ба раҳбарии Раҷаб Таййиб Урдуғон аст.