Рубрики Хабарҳо

Туркия дурбурдтарин мушаки баллистики “Тайфун”-ро дубора озмоиш кард

Созмони саноъати дифоъии раёсатҷумҳурии Туркия аз озмоиши дубораи дурбурдтарин мушаки баллистики “Тайфун” хабар дод. 

Исмоил Дамир, раиси Созмони саноъати дифоъии раёсатҷумҳурии Туркия дирӯз, сешанбе дар иттилоияе дар ҳисоби твиттерии худ эълом кард: “мо партоби озмоиши ҷадиди мушаки “Тайфун”-ро бо муваффақият анҷом додем. Ба ҳама дастандаркорон ба вижа ширкати “Рокетсан” табрик мегӯям”. 

Партоби озмоишии ҷадиди “Тайфун” дурбурдтарин мушаки Туркия тавсеаёфта тавассути ширкати саноъати низомии Рокетсан, соати 06:44 22 октябри 2022 таҳти тадобири амниятӣ дар фурудгоҳи Резе-Артвин дар устон Ризе ба муваффақият анҷом шуд. 

Гуфтанист, Тайфун дар ҳоли ҳозир ба унвони дурбурдтарин мушаки Туркия шинохта мешавад. Аввалин озмоиши мушаки Тайфун дар Ризе дар 18 октябри 2022 анҷом шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *