Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки 2500 — солагии ёдгории Шаҳристони «Тахти Сангин» — и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ворид намояд
Ба иттилои рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ЮНЕСКО кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд, , ки «Тахти Сангин» — и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ва бузургдоштҳое, ки созмон солҳои 2022 — 2023 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мекунад, ворид намояд.
Гуфта шудааст, ки «Ҳуҷҷатҳои лозима, аллакай, ба ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд. Агар дархости мо пазируфта шавад, соли 2022 — ум 2500 — солагии ин ёдгории нодир дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил хоҳад шуд».
Шаҳристони «Тахти Сангин» ёдгории нодири асрҳои lV то милод – III милодӣ буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва шаҳри Ҳулбук барои ворид шудан ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.