Мутобиқи омори СММ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 250- 300 миллион муҳоҷири корӣ мавҷуд аст. Дар гузоришҳои сершумори СММ ва Созмони ҷаҳонии кор шароитҳои зиндагӣ ва заҳмати ин одамон, ҳамчунин муносибат ба ҳуқуқҳои асосии инсонӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле нигаронкунанда зикр гардидаанд, ба ҳаде ки ин вазъро «ғуломдории имрӯз» унвон кардаанд. Аз сӯи дигар, маблағе, ки онҳо ба ватани худ интиқол медиҳанд, ба зиндагии тақрибан даҳ дарсади аҳолии сайёра таъсири мустақим дорад, ҳаҷми он дар ҷаҳон баъд аз ҳаҷми маблағи содироти нафт дувум ба ҳисоб меомадааст. Пули муҳоҷирони корӣ аз ҳама бештар ба Ҳиндустон, Мексика, Чин ва Филиппин ворид мешавад. Дар бисёр кишварҳо маблағҳои муҳоҷирони корӣ қисмати муҳими маҷмӯи маҳсулоти миллиро ташкил медиҳанд. Ҳатто баъзе коршиносон бар онанд, ки “мӯъҷизаи иқтисодии Чин” маҳз ба шарофати муҳоҷирони корӣ имконпазир гаштааст… Пас, муҳоҷирати корӣ чист: мӯҳтоҷӣ ё дарди бахайр? Раванди муваққатӣ ё доимӣ? Мушкилзо ё мушкилкушо?
Муҳоҷирати корӣ як раванди табиист ва нерӯи асосии таҳрикбахши он тақозо маҳсуб меёбад. Ин раванд ба кишвари қабулкунанда барои ҳалли мушкилоти демографӣ ва кадрӣ зарур асту ба кишвари фиристанда –ҷиҳати коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҷон бахшидан ба рушди иқтисодӣ. Яъне, ин раванд, чун ҳама гуна қонуни табиии иқтисодӣ, бад ё хуб буда наметавонад. Бад ё хуб асоси ҳуқуқие буда метавонад, ки ин равандро танзим мекунад.
Оё системаи муҳоҷирати берунии кории Тоҷикистон ҷавобгӯи замон аст? Барои дарки бештари ин масъала, онро бо вазъи имрӯзаи муҳоҷирати кории Филиппин муқоиса мекунем.
Вазъи имрӯзаи муҳоҷирати кории Тоҷикистон солҳои 70 – уми асри гузаштаи Филиппинро ба ёд меорад. Он замон дар кишвари Филиппин ба бунёди системаи танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ шурӯъ карда буданд. Яъне имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии рушди ин система қарор дорад. Хуб аст, ки хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Вале мебояд, ки ҳамаи вазоратҳо ва ҳатто ВАО ҷиҳати ҳалли проблемаҳои муҳоҷирон аз як гиребон сар бароранд. Ҳукумат муҳимии ин масъаларо бояд амиқ дарк намояд, ҳамчунин аз усулҳои асосӣ ва дурнамо хеле хуб огоҳ бошад, то тавонад аз имкониятҳои муҳоҷирати берунии корӣ ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар манфиати дилхоҳ бардорад.
Дар Тоҷикистон муҳоҷирати оммавии корӣ баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардани точикистониҳо мисли филиппиниҳо мебошад ва бояд шарҳ дод.
Эҳтиёҷ, бекорӣва ҳаваси дарёфти маоши баланд. Лекин дар тафовут аз мардикорони Тоҷикистон аксари кулли муҳоҷирони кории Филиппин легалӣ ҳастанд. Онҳо дар доираи шартномаҳои мушаххас ба ин ё он кишвар мераванд ва аз рӯи ихтисос кор мекунанд. Зеро дар кишварҳои пазирирандаи онҳо системаи пешрафтаи қабули муҳоҷирони корӣ мавҷуд аст. Дар Русия ва Қазоқистон –давлатҳои асосии қабули муҳоҷирони кории тоҷик бошад, чунин система алҳол шакл нагирифтааст, аз ин рӯ муҳоҷират дар кишварҳои пасошӯравӣ хислати ғайрилегалӣ дорад. Шояд як сабаби муҳоҷирати ғайрилегалӣ набудани раводид бошад. Усулан, миёни давлатҳои узви ОСИАН (Иттиҳоди кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ) низ раводид мавҷуд нест. Филиппиниҳо дар сурати хоҳиш метавонанд барои кор, масалан, ба Сингапур раванд. Вале онҳо ин корро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ анҷом медиҳанд. Филиппиниҳо баъди мукаммалсозии заминаи меъёриву ҳуқуқӣ ба чунин муносибат аз сӯи муҳоҷирони корӣ муваффақ гаштаанд.
Хусусияти вижагиҳои модели филиппинӣ шарҳ мехоҳад. Яке аз сиёсатмадори Филиппин дар раванди фаъолияташ чунин гуфта буд:
“Ҳамааш одӣ аст. Филиппиниҳо дарк карданд, ки як сохтор ба танҳоӣ наметавонад равандҳои муҳоҷиратро идора намояд. Масалан, имрӯз мо дар назди Вазорати кор Маъмурият оид ба шуғли берунӣ дорем. Ин ниҳод ба кори худ ҳамаи сохторҳои марбутаро ҷалб кард ва тамоми қонунгузории миллиро ба усулҳои байналмилалӣ мутобиқ сохт. Мо ҳамаи маъмурону вазоратҳои ба ин раванд ҷалбшударо таълим додем ва нақшу вазифаҳояшонро муайяну мушаххас намудем. Қонунҳои нав қабул кардем. Чунончи, мутобиқи яке аз онҳо филиппиниҳое, ки хоҳиши кор дар хориҷи кишварро доранд, бояд худро дар қайди Маъмурият оид ба шуғл гузоранд. Қонуни дигар ба корфармои хориҷӣ мустақиман киро кардани шаҳрванди Филиппинро манъ менамояд.
Маҳз ҳамин гуна қонунҳо ба бунёди замина ҷиҳати идоракунии муҳоҷирати ғайримуташаккил мусоидат намуданд. Баъди он ки заминаи қонунӣ эҷод гашт, корҳои густурдаи иттилоотиро аз тариқи ВАО роҳандозӣ кардем. Ҳатто пеш аз намоиши филмҳо иттилои мухтасар оид ба бартариҳои муҳоҷирати қонунӣ пахш мешуд. Раванди мусбат оғоз ёфт ва мо онро вобаста ба тақозои замон таҳким бахшидем. Филиппин дар ибтидо, 35-40 сол пеш, ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷири корӣ дошт. Ва теъдоди онҳо ҳар сол тақрибан 20 ҳазор нафар зиёд мешуд. Аммо баъди соли 1982 –аз замоне ки Маъмурият оид ба шуғл дар хориҷа таъсис дода шуд, шумораи хоҳишмандон ҳамасола садҳо ҳазор афзудан гирифт. Миёнаҳои солҳои 80-ум Филиппин аллакай ба интиқоли солонаи ним миллион муҳоҷир муяссар шуд. Се соли охир бошад, Филиппин ҳамвора на камтар аз як миллион муҳоҷири корӣ мефиристад. Ҳозир беш аз 10 миллион муҳоҷири корӣ аз Филиппин дар кишварҳои дигар мавҷуд аст”.
Қобили зикр аст, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ низ ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони Филиппин кам нашуд, балки афзуд. Зеро давлати Филиппин институтҳои тавоное дорад, ки ин ҷараёнро тавассути сиёсати маркетингӣ устокорона идора мекунад. Ба бахши хусусӣ ваколатҳои зиёд дода шуда буд. Кормандонашон ба муҳоҷирон ихтисосҳоеро омӯхтанд, ки дар бозорҳои ҷаҳонии кор дар шароити бӯҳронӣ ба онҳо эҳтиёҷи бештар пайдо шуд. Имрӯз дар Филиппин қадру ҳайсияти кор дар хориҷа ба ҳадде боло рафтааст, ки насли ҷавонро пурсӣ «дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ» дар ҷавоб «пизишк», «милиса», «муҳандис» ва монанди инҳоро намешунавӣ, балки дар аксари кулли маворид посух чунин аст: «муҳоҷири корӣ». Хуб мешуд дар кишвари Тоҷикистон ҳам чунин сиёсат пеш гирифта мешуд. Айни ҳол шуғл дар хориҷи кишвар яке аз омилҳои асосии коҳишдиҳандаи бекорӣ мебошад. Муҳоҷирати корӣ барои хонаводаҳо дар ҳақиқат зудтарин роҳи бурунрафт аз фақр ва беҳсозии вазъи молиявӣ шинохта шудааст.
Филиппин мисли Тоҷикистон кишвари қашшоқ аст. Бо вуҷуди заҳматҳои сангин ва пайваста давлати Филиппин наметавонад талаботи ҳамаи корхоҳонро, ки теъдодашон ҳар сол садҳо ҳазор меафзояд, бароварда созад. Аз тариқи сармоягузорони хориҷӣ бошад, ин мушкилро пурра ҳал наметавон кард. Дар аксари ҳолатҳо сармоягузорони хориҷӣ, чун ҳама соҳибкорон, мекӯшанд харҷи нерӯи кор ё худ теъдоди коргарон камтар бошад. Бо шомил сохтани таҷҳизоти нави замонавӣ онҳо ба коҳиши ҷойҳои кор дар корхонаҳои худ даст меёбанд. Муҳоҷирони филиппинӣ бештар дар Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Уммон, Ҷопон, Сингапур, Малайзия, Амрико, Канада, Британия кор мекунанд. Масалан, дар Арабистони Саудӣ як миллиону дусад ҳазор муҳоҷири кории филиппинӣ машғули кор мебошанд. Муҳоҷирони кории филиппинӣ худро бештар дар кишвари Арабистони Саудӣ ва кишварҳои соҳили Халиҷи Форс хеле роҳат эҳсос мекунанд. Вале моҳонаи хуб дар Амрико ва Британия мегирифтаанд. Роҳатӣ, фикр мекунам, дар Арабистони Саудӣ аз он ҳисоб аст, ки он ҷо теъдоди зиёди ҳамватанонашон кор мекунанд, ҳатто дар баъзе беморхонаҳо аз сарпизишк гирифта то фаррош ҳама филиппинианд. Онҳо худро дар ҳалқаи ҳамватанон, табиист, ки хуштар эҳсос менамоянд.
Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии муваффақонаи раванди муҳоҷирати корӣ ба як ниҳоди мустақил ниёз дорад. Давлат ҳам дидгоҳи худро ҳамавақт ба назар мегирад (мақсад ин фоидаи худро мансабдорон дар мадди аввал мегузоранд). Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар ин кор ниҳоди нимамухтор ё мустақил ба мақсад мувофиқ аст. Дар Филиппин муддати 25 сол оиди дигаргун кардани вазоратҳо ва кумитаҳои ва мустақил нигоҳ доштани вазорати масъули муҳоҷират заҳмат кашиданд. Вале мо ин корро дар зарфи як сол анҷом дода метавонем, ба шарте иродаи сиёсӣ бошад.
Шумораи муҳоҷирони кории тоҷик ва афзоиши он дар солҳои баъдӣ
Аслан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду кишвар Русия ва Қазоқистон муҳоҷир мешаванд. Мо бояд шумораи умумӣ ё аслии муҳоҷиронро муайян созем. Оғоз мекунем аз паёми раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раисҷумҳур дар паёми худ эълон намуд ки дар Федерасияи Русия ҳамагӣ 486 ҳазор муҳоҷир мавҷуд аст. Лекин боз дар паём омадааст, ки нуқтаи балантарини шумораи муҳоҷирон дар соли 2010 як миллиону сад ҳазор нафар. Мо инро инкор намекунем, биёед ҳамчун асос гуфтаҳои раисҷумҳурро мегирем соли 2010, 1,100,000. Вале он чизеро, ки Вазорати Омор ё Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба президент пешниҳод карданд, ки дар соли 2019 шумораи муҳоҷирон 486 ҳазор нафар аст дурӯғтарин омор мебошад ва ин кори вазоратҳо як хизмати хирсона ба раисҷумҳур аст ва ӯро маҷбур сохтанд, ки дурӯғ гӯяд. Мо инро бо якчанд факт (далел) — ҳо исбот карда медиҳем.
1. Соли 2010 ба гуфтаи раисҷумҳур Тоҷикистон як миллиону сад ҳазор бошад мо хатогии оморро мебинем дар чист. Вазорати Омор ё Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар муддати як сол варақаҳо (бланкаҳо) — е, ки муҳоҷирон онҳоро пур мекунанд барои кор, барои сайёҳат ё барои мехмони (гости) ҳисоб мекунад. Дар ҳақиқат аз дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба берун баромаданд 486 ҳазор нафар лекин ин тамоман як омори нодуруст мебошад.
Дар солҳои 2011-2013 ба ҳисоб мегирем, ки чи қадар муҳоҷир ба муҳоҷират рафт ва чанд нафар баргашт. Мо ҳисоби Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ё агентӣ оид ба оморро мегирем дар онҷо омадааст, ки дар давоми 3 сол шумораи аз ҷумҳури берун рафтаҳо нисбат ба воридшудаҳо дусад ҳазор кам яъне раисҷумҳур ба ҳисоб нагирифт, ки чи қадар нафар меравад ва чи қадар бармегардад. Яъне то соли 2013 як миллиону сад ҳазор нафар муҳоҷир табдил ёфт ба як миллиону сесад ҳазор нафар. Аз ҳама зиёд аз ҷумҳури берун рафтанд соли 2014 шашсаду ҳафтод ҳазор нафар ҳамчун муҳоҷири мехнатӣ (корӣ). Дар охири сол баргаштаомадаҳо нисбати аввали сол боз дусад ҳазор нафар кам.
Дар давоми солҳои 2014-2017 дар давоми чор сол шумораи аз кишвар хориҷшудаҳо нисбати ворид гаштаҳо фарқияташ бисёр калон 450 ҳазор нафар яъне аз як миллиону сесад ҳазор нафар боз 450 ҳазор нафар илова шуд шумора расид ба як миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор нафар. Соли 2018- 2019 ба ин боз илова мешавад 120 ҳазор нафар яъне шумораи хориҷшудаҳо нисбати воридгаштаҳо боз 120 ҳазор нафар кам агар аз рӯйи ин ҳисоб мекарда бошем мешавад 1 870 000 нафар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ рафта. Инҷо хатогии омор боз як чизи дигар аст: мо ҳисоб намекунем, ки дар ҳақиқат чи қадар нафар хориҷшуда истодаст ва чи қадар воридшуда истодааст барои тамоми шаҳрвандон аҷиб менамояд.
Масалан дар соли 2018 аз моҳи январ то сентябр дар асоси омори Русия ва омори Тоҷикистон аз Тоҷикистон 1 755 000 ҳазор нафар аз ҳудуд берун рафтанд. Аммо дар асоси он варақаҳо (мигратсиони карточка) — е пур мекунанд ба калимаи муҳоҷирати меҳнатӣ барои кор нишон медиҳанд 490 000хазор нафар. Мисол мо мегирем кишвари ҳамсояро Ӯзбакистон дар соли 2018 зиёда 3.4 млн нафар ба Русия сафар намуданд. Аз ин шумора 2 млн нафар бо сафари хидмати, барои туризм ва барои дидорбиниии хешу табор ва 1,4млн нафар барои кор рафтаанд. Қариб 1,9 млн муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қарор дорад, баъзе мақомот мегӯянд ин ҳисоб бо шумораи он зиёд мешавад, ки шумо шахсони душахрвандиро ба инобат намегирем. Вақте, ки шаҳрвандоне, ки душаҳрвандӣ ё ки онҳо шаҳрвандии Русияро мегиранд онҳо ҳеҷ вақт муҳоҷири меҳнат ҳисоб намехӯранд барои онки онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд ва ба руйхати муҳоҷирони корӣ онҳоро ворид намекунанд.
Дар инҷо як масъала мавҷуд аст. Ҳар сол Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иддаои ҷамъоварии мураттаби коргарон барномаҳои кӯчонидан (программа переселения) амалӣ мекунад, ки аз 5 ҳазор то 15 ҳазор нафарро ба Русия мекӯчонанд. Вақте, ки инҳоро ба ҳисоб мегиранд як қисми онҳо умуман шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид намешаванд, дар ин ҷо ҳам қариб аз 50 ҳазор то 100 ҳазор нафар чаъм мешавад. Ғайр аз ин аз соли 2010 то соли 2018 дар давоми ҳашт сол аз рӯйи ҳисоботи Федерасияи Русия 400 000 нафар шаҳрвандии ин кишварро қабул намудааст. Мо ду соли ахир — 2018 ва 2019 барои мисол мегирем аз ду ҷумҳурӣ бештар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Қазоқистон 50 000 нафар,
Тоҷикистон. 45 000 нафар
Укроинро ба ҳисоб намегирем барои онки бисёре аз мардуми Донеску Луганск шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Акнун агар мо ин хисобхоро ба ҳамдигар илова кунем инҷо шумораи муҳоҷирон мешавад 2,3 млн нафар. Шуморае, ки бо омори худи Тоҷикистон тасдиқшаванда аст. Яъне мақомоти Омор ва ҳам Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин ҷо ё раисҷумҳурро фиреб мекунанд ё хизмати хирсона барои ӯ мекунанд ва ё худи раисҷумҳур фармон медиҳад, ки мо бояд шумораи муҳоҷирони меҳнатро камтар нишон диҳем.
Ман дар гузоришҳоям дар барномаҳои интернети аз хусуси сабақҳои андӯхтаамон, азобҳои кашидаамон, ғалатҳои кардаамон ва роҳҳои дурусти ҳалли мушкилоти соҳа равшану возеҳ навиштаам. Онҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон масъулияти пешбурди соҳаро ба зимма гирифтаанд, шонси таърихии ба давлату миллат хидмати шоиста карданро доранд. Шонсро аз даст надиҳем.
Абдурауфи Солеҳ