Бонки ҷаҳонӣ барои барқарорсозиву тавонбахшии Неругоҳи обии барқии Норак боз 36,5 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Созишномаи дахлдор дар ин бора байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатияи байнулмилалии рушд (АБР, узви Гурӯҳи Бонки миллӣ) охири соли гузашта ба имзо расид.
Чанд рӯз пеш санади мазкур барои тасдиқ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.
Ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми тавонбахшии неругоҳ равона мегарданд, хабар медиҳад “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат.
Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм — иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.
Марҳилаи дуюми он таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, дар доираи он имконоти ҳайати шахсии неругоҳи Норак ва ШСХК “Барқи тоҷик” баҳри пурзӯр кардани мониторинги бехатарии сарбанд, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ тақвият дода мешавад.