Дар меҳмонхонаи «Парламент» шаҳри Хуҷанд сӯхтор ба амал омад. Акси сухтор дар Фейсбук нашр шудааст.
Тибқи маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ расонаӣ шуд, қаҳвахонаи меҳмонхонаи «Парламент» оташ гирифтааст, аммо оташ тақрибан дарҳол хомӯш карда шудааст.
Майдони сӯхтор тақрибан 3-5 метрро ташкил додааст.
Сӯхтор соати 15:50 ба вақти маҳаллӣ дар ошхонаи меҳмонхонаи «Парламент» сар зада, дарҳол кормандони меҳмонхона ба хадамоти оташнишонӣ занг задаанд ва ду мошини сухторхомушкунӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Ба расонаҳо аз идораи оташнишонии Суғд гуфтанд «Майдони сӯхтор чандон калон набуда тақрибан 8-10 метри мураббаъро ташкил медод».
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ ҳодисаро таҳқиқ ва сабабҳои сар задани сӯхторро муайян мекунад.
Дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса дуввумин сӯхтори бузург аз оғози соли 2022 дар Хуҷанд аст. Рӯзи 2 январ дар қаҳвахонаи маъруфи шаҳри Хуҷанд «Насими баҳор» сӯхтор ба амал омада буд.
Наҷотдиҳандагон барои хомӯш кардани сӯхтор тақрибан 40 дақиқа вақт сарф карда буданд. Сӯхтор майдони 160 метри мураббаъро фаро гирифта буд.
Гуфтанист, чаҳор сол пеш, 29 марти соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш дар шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаи «Парламент”, воқеъ дар канори руди Сирро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд.
Ба иттилои хабаргузории , манобеи огоҳ дар Хуҷанд меҳмонхонаи навсохти «Парламент”-ро мутаалиқ ба домоди калонии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
Сохтмони меҳмонхонаи «Парламент” дар замини як гектар дар канори дарёи Сир доман паҳн карда, аз чор ошёна иборат аст ва дорои қаҳвахона, маркази тиҷорат, толорҳо барои баргузории маъракаҳои хоси маросимҳо, мағозаи фурӯши ҷавоҳирот ва майдони футболи хурд мебошад. Дар бинои «Парламент” инчунин бари фурӯши VIP sharobho фароҳам оварда шудааст, ки ҳоло дар Хуҷанд камназир аст.
Меҳмонхонаи «Парламент» дар умум дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ ва дар умум дорои 160 ҷой мебошад.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, ки аз он домоди сарвазир Қоҳир Расулзода ном мебаранд, бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст. Ин домоди сарвазир аз тоҷирони ҷавон ба ҳисоб рафта, ба воридоти молу маҳсулоти чинӣ ба вилояти Суғд машғул будааст.