Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи Зоҳидон дар маросими намози ҷумъа аз табъизҳои мавҷуд дар қиболи аҳли суннат дар Ҷумҳурии Исломӣ интиқод кард. Ў бо интиқод аз амалкарди давлати Иброҳим Раисӣ гуфт, ба “ҳеч кадом аз ваъдаҳояш” амал накардааст.
Мавлавӣ Абдулҳамид дар хутбаи намози рӯзи 1 сентябр дар масҷиди “Маккӣ”-и Зоҳидон зимни интиқод аз давлати Иброҳим Раисӣ гуфт, ӯ ба ҳеҷ кадом аз ваъдаҳое, ки дар давраи интихобот ба аҳли суннат дода буд, амал накардааст.
Имоми ҷумъаи Зоҳидон яке аз ин ваъдаҳоро “таъини устондор, муовини вазир ё сафир аз аҳли суннат” зикр кард ва афзуд: “хостаҳои аслии аҳли суннат ҳамон хостаҳои кулли мардуми Эрон, аз ҷумла расидагӣ ба мушкилоти иқтисодӣ ва беҳбуди равобит бо дунёст.”
Абдулҳамид ҳамчунин бо ишора ба нодида гирифтани аҳли суннат дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар даврони ҷумҳурии исломӣ изҳор дошт, ки сунниҳо дар даврони паҳлавӣ дар радаҳои мухталифи артиш ва ҳатто дар фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ ҳузур доштанд.
Ӯ бо интиқод аз набудани шоистасолорӣ дар Эрон ва ин, ки дар ҷумҳурии исломӣ ҳатто як вазири аҳли суннат дар кобинаҳои мухталиф вуҷуд надошта, ёдовар шуд, ки аҳли суннат иҷозаи таъсиси масҷид дар Теҳронро ҳам надоранд.
Мавлавӣ Абдулҳамид бо ишора ба ин, ки мудирияти маконҳои мазҳабии аҳли суннати Эрон бояд бо худи онҳо бошад, аз вуҷуди “дини давлатӣ” интиқод кард ва гуфт: “дин дар ҳеҷ ҷойи дунё набояд давлатӣ бошад.”
Созмони ҳуқуқи башарии “Haalvsh”, ки ахбори устони Систон ва Балучистонро пӯшиш медиҳад рӯзи ҷумъа, 1 сентябр гузориш дод, ки интернети Зоҳидон ва бархе дигар аз шаҳрҳои ин устон, ҳамзамон бо суханронии Мавлавӣ Абдулҳамид дучори ихтилоли шадид шудааст.
Haalvsh, ҳамчунин гузориш дода, ки ҷавонони Зоҳидон пас аз адои намози ҷумъа бо сар додани шиорҳои эътирозӣ ба хиёбон омаданд ва хостори озодии зиндониёни сиёсӣ шуданд.