Дар деҳаи Ғускефи дараи Ромит, дар наздикии кони тилои Покрут, сохтмони мактаби нав дар ҳоли анҷомёбист. Мактаб ва иншооти ёрирасонаш (ҳоҷатхона) бо меҳнати маҷбурии омӯзгорон ва кормандони дигари мактабҳои дараи Ромит сохта шуд. Интизор меравад, ибтидои моҳи июл раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кони Покрут сафар ва лентаи мактабро ҳамроҳ бо ҳоҷатхонааш қайчӣ кунад.
Мудири мактаби яке аз деҳаҳои дараи Ромит ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, мақомоти шаҳри Ваҳдат (маркази маъмурии дараи Ромит) маоши моҳҳои март-апрел-майи омӯзгоронро дар сохтмони мактаби Ғускеф сарф кардаанд.
“Ба мо мегӯянд, буҷаи бахши маориф дар сохтмони мактаб ва ҳоҷатхона сарф шуд. Камтар сабр кунед, ки пул пайдо шавад. Соли гузашта дар сохтмони варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳам ҳамин ҳолат бо мо рух дода буд. Се моҳ маоши моро надоданд. Ҳоло болои нигаҳ доштани маош, моро маҷбур мекунанд, ки омӯзгоронро бо навбат ба деҳаи Ғускеф фиристем ва ройгон дар сохтмони мактаб кор кунанд”, — афзуд ин мудири мактаб.
Вай гуфт, барои мактаби деҳа, ки ҳамагӣ ҳудуди 100 хонанда дорад, ҳоҷатхонаи бузурге сохта шуд. Зеро, интизор меравад, раисҷумҳур дар ҷараёни “лента”-бурии мактаб аз ҳоҷатхона ҳам дидан кунад.
“Аз меҳнати маҷбурии омӯзгорон ва кормандони дигари мактаб асосан дар сохтмони ҳоҷатхона истифода карданд. Ҳоҷатхонае, ки сохта шуд, умуман ба шумори хонандагони мактаб рост намеояд, фақат барои лентабурии президент ҳоҷатхонаро калон сохтанд”, — гуфт мудири мактаб.
Дар ҳоли ҳозир омодагиҳо ба сафари раисҷумҳур ба дараи Ромит дар саросари шаҳри Ваҳдат идома доранд. Роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит дарбеҳ ва ду канори роҳ бо меҳнати иҷбории мардум тоза мешавад.