Рубрики Хабарҳо

Дидори Раисӣ бо фармондеҳони фаластинӣ дар Димишқ ва дархости иттиҳод алайҳи Исроил

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, ки ба Сурия рафтааст, рӯзи панҷшанбе бо шуморе аз раҳбарону фармондеҳони гурӯҳҳои сиёсӣ ва шибҳинизомии фаластинӣ дидор кардааст. Ў хоҳони иттиҳод барои шикасти Исроил шуда ва гуфтааст бояд давлате бар асоси хости мардуми Фаластин ташкил шавад. 

Раисӣ аз музокира ё оддисозии равобити кишварҳои мусулмон бо Исроил интиқод карда ва гуфтааст: “имрӯз собит шуд муқовамат танҳо роҳи муқобила бо Исроил ва пешбурди ҷаҳони ислом аст.” 

Зиёд Нухала, дабири кулли Созмони ҷиҳоди исломӣ ва бархе аз мақомҳои Созмони Ҳамос, ки контроли Ғаззаро дар ихтиёр дорад, дар ин ҷаласа ҳузур доштаанд. 

Фишор бар Исроил яке аз ангезаҳое аст, ки коршиносон барои мудохилаи низомии мустақими Теҳрон дар ҷанги дохилии Сурия дар назар мегиранд. 

Нерӯҳои эронӣ ва шибҳинизомиёни вобаста ба Эрон дар солҳои ахир ҳадафи ҳамалоти паёпайи маргборе будаанд, ки умдатан ба Исроил мунтасаб мешавад. Эрон дар амал вокуниши ҳамсатҳ ба ин ҳамалот нишон надодааст. Ба ҷуз ин, муттаҳидони Эрон ва Амрико ҳам дар Сурия рӯёрӯиҳое доштаанд. 

Иброҳим Раисӣ дар дидори худ бо раҳбарону фармондеҳони фаластинӣ, бо ишора ба юриши сарбозони исроилӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷид-ул-Ақсо, гуфтааст “ҳеҷ роҳе ҷузи муқовамат ва истодагӣ муқобили ин режим вуҷуд надорад.” 

Раисӣ ҳукумати Исроилро дар ҳоли азҳамрезӣ дониста ва гуфтааст танҳо роҳи ҳали масъалаи Фаластин ташкили ҳукумате бар асоси иродаи фаластиниҳо аст. 

Ӯ гуфтааст: “агар ғарбиҳо муддаии демокрасӣ ҳастанд, муроҷиа ба раъйи мардуми Фаластинро бипазиранд ва ба натиҷаи он мутааҳҳид бошанд.” 

Раҳбарони Эрон пеш аз ин ҳам борҳо хоҳони баргузории ҳамапурсӣ дар Фаластин шудаанд. 

Иброҳим Раисӣ дар рӯзи панҷшанбе ба ҳарами Зайнаб Кубро, духтари аввалини имоми шиъаён рафта ва аз сиёсати Эрон дар ҷанги дохилии Сурия дифоъ кардааст. 

Зъзоми низомиёни эронӣ ба Сурия таҳти унвони “мудофеъони ҳарам» анҷом мегирифт. 

Раисӣ гуфт: “рӯзе, ки ҷараёни такфирӣ оғоз шуд ва Ироқу Сурияро мавриди ҳамла қарор дод, бархе шароитро ба дурустӣ таҳлил накарданд.” 

Ӯ ҷиҳатгирии мавриди назари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин заминаро ситоиш кард ва гуфт, ки Хоманаӣ “дар ҷаҳони ислом муқобили такфириҳо ва ҷинояткорони ваҳдат” эҷод кардааст. 

Иброҳим Раисӣ ҳамчунин дар маҳалли Кохи раёсатҷумҳури Сурия дидоре бо шуморе аз рӯҳониёни ин кишвар доштааст. 

Раисӣ ба онон гуфтааст: “вазифаи андешамандон ва нухбагони ҷаҳони ислом ба вижа уламои Сурия, баёни воқеиятҳо ва аз ҷумла равшангарӣ дар бораи зулмҳои мустамари Амрико ва саҳюнистҳо ба мардуми минтақа аст.” 

Ӯ дидоре ҳам бо Ҳусайн Арнос, нахуствазири Сурия дошта ва тайи он хоҳони он шудааст, ки бо фурӯкашии даргирии низомӣ, равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Эрону Сурия густариш ёбад. 

Дар ҷараёни сафари ҳайати эронӣ ба Димишқ 14 санади ҳамкорӣ байни ду давлат имзо шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *