Дар ривояти Ибни Ҳишом аз Ибни Исҳоқ омадааст, ки Утба ибни Рабиа, ки миёни қавми худ ҳамчун пешвои хирадманд ва соҳибраъй шинохта мешуд, рӯзе дар маҳфили Қурайш мегӯяд: Эй аҳли Қурайш, чӣ мешавад, ки назди Муҳаммад раваму бо ӯ сухан кунам ва барояш якчанд чиз пешниҳод намоям? Шояд, баъзе аз онҳоро қабул кунад. Мо бошем, барояш ҳамон чизи хостаашро медиҳему ӯ моро ба ҳоламон мегузорад. Онҳо мегӯянд: Оре, эй Абулвалид. Бархезу наздаш рав ва бо ӯ сухан кун. Ҳамин тавр, Утба назди Паёмбар (с) меояд ва дар пешашон нишаста мегӯяд: Эй бародарзода, ту худ медонӣ, ки назди мо чи қадар шараф ва манзала дорӣ. Ҳоло ту ба қавмат як кори бузурге овардаӣ, ки бо он ҷамоаташонро пароканда сохтаву худашонро беақл пиндоштаӣ. Ту гӯш кун. Ҳоло ман ба ту якчанд чиз пешниҳод менамоям. Ту дар бораи онҳо фикр мекунӣ. Шояд баъзе аз онҳоро мепазирӣ. Баъд Паёмбар (с) мегӯянд: “Эй Абулвалид, гап зан. Гӯш мекунам”.
Утба мегӯяд: Эй бародарзода, агар ба он чизи овардаат, молу сарват мехоҳӣ, бароят аз молҳои худ ҷамъ карда медиҳем, ки бо он аз ҳама сермолу сарватманд мегардӣ. Агар бо он шарафу ҷоҳ металабӣ, туро бар сари худ сарвар мекунем ва ба коре бемаслиҳати ту даст намезанем. Аммо агар бо он сарварӣ мехоҳӣ, туро бар худ шоҳу сарвар таъйин мекунем. Вале агар он чӣ наздат меояд, чизе бошад, ки мебиниву онро аз худ рад карда наметавонӣ, роҳи муолиҷаи онро мебинему то шифо наёбӣ, баҳри он чизеро дареғ намедорем. Он ҳазрат (с) баъди шунидани ин суханон мегӯянд: “Эй Абулвалид, оё тамом кардӣ?” Ӯ мегӯяд: Бале. Баъд мегӯянд: “Акнун ба ман гӯш кун”. Сипас, оятҳои аввали сураи Фуссилатро мехонанд:
“بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ، حم، تَنْزِيلٌ مِنَ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ، كِتابٌ فُصِّلَتْ آياتُهُ قُرْآناً عَرَبِيًّا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ، بَشِيراً وَنَذِيراً فَأَعْرَضَ أَكْثَرُهُمْ فَهُمْ لا يَسْمَعُونَ، وَقالُوا قُلُوبُنا فِي أَكِنَّةٍ مِمَّا تَدْعُونا إِلَيْهِ وَفِي آذانِنا وَقْرٌ وَمِنْ بَيْنِنا وَبَيْنِكَ حِجابٌ فَاعْمَلْ إِنَّنا عامِلُونَ. قُلْ إِنَّما أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحى إِلَيَّ أَنَّما إِلهُكُمْ إِلهٌ واحِدٌ فَاسْتَقِيمُوا إِلَيْهِ وَاسْتَغْفِرُوهُ، وَوَيْلٌ لِلْمُشْرِكِينَ” [فصلت / 1- 6]
(“Ҳо. Мим” 2) Ин Қуръон аз сӯи Аллоҳи бағоят Бахшандаи Меҳрубон нозил шуда аст. 3) Китобест, ки оятҳояш барои аҳли илм ва андеша муфассал ва равшан баён карда шудааст. 4) (Китобе, ки) муждарасони мӯъминон (ба биҳишт) ва бимдиҳандаи кофирон (аз дӯзах) аст. 5) Ва мегӯянд: “Дилҳоямон аз он чи моро ба сӯи он мехонӣ, бо пӯшишҳо пӯшонида шуда, (даъвататро намефаҳмад) ва дар гӯшҳои мо вазнинӣ буда, (даъвататро намешунавад) ва байни мо ва байни ту парда қарор дорад. Пас ту (бо равиши худ) кор кун ва мо (бо равиши худ) кор мекунем.” 6) Бигӯ: “Ҳамоно ман мисли шумо одамӣ ҳастам, ки ба ман аз сӯи Аллоҳ (ҷ) ваҳй мешавад, ки маъбуди ҳақиқии шумо, маъбуди ягона аст. Модоме чунин аст, роҳи рости ба Ӯ васлкунандаро бипаймоед ва аз Ӯ талаби омурзиши гуноҳонатонро кунед. Ва ҳалокату уқубат бар бандагоне, ки ба Аллоҳ (ҷ) ширк меоранд).
Ҳамин тавр, Паёмбар (с) хондан мегиранду Утба гӯш мекунад ва ниҳоят чун ба ояти “فَإِنْ أَعْرَضُوا فَقُلْ أَنْذَرْتُكُمْ صاعِقَةً مِثْلَ صاعِقَةِ عادٍ وَثَمُودَ” (Аммо агар қабул накарданд, барояшон бигӯй: Ман шуморо аз азобе мисли азоби Оду Самуд огоҳ кардам) (Фуссилат13), мерасанд, Утба аз он таҳдидҳое, ки дар оятҳо омада буд, метарсад ва даҳонашонро медораду қасам хӯрда мегӯяд, ки қироатро бас кунанд.
Баъд ӯ ба назди ёронаш бармегардад ва пешашон менишинад. Онҳо аз ӯ мепурсанд: Эй Абулвалид, чӣ гап? Ӯ мегӯяд: Гап ин аст, ки ман суханеро шунидам, ки мисли онро ҳаргиз нашунида будам. Он на шеър асту на афсун ва на ҷодугарӣ. Эй аҳли Қурайш, ба гапи ман гӯш диҳеду ин мардро ба ҳоли худаш гузоред. Ба ӯ кордор нашавед. Ба Худо, он сухане, ки аз ӯ шунидам, дар оянда кори бузурге мекунад. Агар дигар арабҳо ӯро нобуд кунанд, аз ӯ бо дасти дигарон халос мешавед. Вале агар ӯ ба дигар арабҳо пирӯз ояд, сарварии ӯ сарварии шумо асту иззати ӯ иззати шумо.
Онҳо суханони Утбаро шунида, мегӯянд: Эй Абулвалид, ба ҷодуи забонаш афтидӣ. Ӯ мегӯяд: Ин фикри ман дар бораи ӯ аст. Акнун коре мехостаатонро кунед.
Имом Табарӣ, Ибни Касир ва дигарон нақл мекунанд, ки якчанд мушрик, ки Валид ибни Муғира ва Ос ибни Воил низ дар қаторашон буданд, назди Паёмбар (с) омада, барояшон пешниҳод мекунанд, ки агар аз дашноми худоҳояшон ва беақлӣ шуморидани одатҳояшон даст кашанд, ба он кас мол медиҳанд, ки аз ҳама молдортарин мешаванд ва он касро бо беҳтарин духтар хонадор мекунанд. Вақте Он ҳазрат (с) ин пешниҳодро низ рад мекунанд ва ба ихтиёри даъвати худ ба сӯйи ҳаққе, ки онро овардаанд, исрор меварзанд, онҳо мегӯянд: Ин тавр бошад, ту як рӯз ба худоҳои мо ибодат кун, мо як рӯз ба худои ту. Он ҳазрат (с) ин пешниҳодро низ намепазиранд. Баъд дар ин хусус сураи “Кофирун” нозил мешавад:
“ قُلْ يا أَيُّهَا الْكافِرُونَ، لا أَعْبُدُ ما تَعْبُدُونَ، وَلا أَنْتُمْ عابِدُونَ ما أَعْبُدُ، وَلا أَنا عابِدٌ ما عَبَدْتُّمْ، وَلا أَنْتُمْ عابِدُونَ ما أَعْبُدُ، لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ” [الكافرون / 1- 6]
(Бигӯ: “Эй кофирон!- 2) Ман ҳаргиз маъбудҳои шуморо намепарастам. 3) Ва шумо низ Он Маъбудеро, ки ман мепарастам, намепарастед. 4) Ва ман низ маъбудҳои ибодат мекардаи шуморо намепарастам. 5) Ва шумо низ Он Маъбуди ягонаро, ки ман мепарастам, намепарастед. 6) Шуморо дини бофтаи худ ва маро ақида ва дини худ аст.”)
Баъд ашрофи Қурайш баргашта ин кӯшиши худро бори дигар такрор мекунанд. Онҳо назди Паёмбар (с) ҳамроҳ омада, бар эшон сарвариву мол арза медоранд ва пешкаш менамоянд, ки агар он чӣ ки наздашон меояд, аз ҷин бошад, барои табобати он ёрӣ мекунанд.
Паёмбар (с) баъди шунидани суханони онҳо чунин мегӯянд: “Ба ман чиҳо мегӯед?! Ман ба он чӣ овардаам, на мол мехоҳаму на шарафи шуморо дар назар дорам ва на сарвариатонро. Худо маро сӯйи шумо фиристод ва ба ман китобе нозил карда, фармуд, то башоратдиҳандаву огоҳкунанда бошам. Ман ба шумо гуфтаҳои худоямро расонидаму чизеро пинҳон надоштам. Агар чизи овардаамро қабул кунед, пас он бахтатон дар дунёву охират аст. Вале агар онро рад намудед, ман ба кори Худо сабр мекунам, то даме ки Худо миёни мову шумо ҳукм нанамояд”.
Баъди шунидани ин гуфтаҳои Паёмбар (с) онҳо мегӯянд: Агар аз гуфтаҳои мо чизеро намепазируфта бошӣ, ту медонӣ, ки касе мисли мо замини каму шароити танги зиндагӣ надорад. Аз худоят, ки туро ба мо фиристодааст, бипурс, то ин кӯҳҳоро, ки замини моро танг кардаанд, ҷунбонад, барои мо мисли дарёҳои Шому Ироқ аз замин об барорад, бобоҳои гузаштаи моро дубора зинда кунад, ки миёни он зиндашудагон Қусай ибни Килоб низ бошад. Зеро ӯ марди оқиле буд. Мо аз ӯ дар бораи суханони ту мепурсем, ки он дуруст аст ё нодуруст? Бигузор, Худоят барои ту боғҳо, қасрҳо ва ганҷинаҳои зарру нуқра диҳад, ки туро аз он чӣ дар талабаш ҳастӣ, бениёз гардонад. Агар ҳамаи ин талаботи мо иҷро намудӣ, мо ба ту бовар мекунему медонем, ки назди Худо чӣ манзалае доштаӣ ва Ӯ туро чи хеле, ки мегӯйӣ, назди мо фиристодааст. Паёмбар (с) барояшон мегӯянд: “Ман чунин нахоҳам кард. Ман касе нестам, ки аз Худояш чунин чизҳо пурсад”.
Сипас, онҳо баъди муноқишаву кашокаши зиёд ба Он ҳазрат (с) мегӯянд: “Мо шунидем, ки ин суханҳоро ба ту марде аз Ямома, ки номаш Раҳмон будааст, меомӯзонидааст. Ба Худо, мо ҳаргиз ба Раҳмон бовар нахоҳем кард. Мо туро огоҳ кардем, эй Муҳаммад. Мо ба Худо, туро ба ҳоли худат намегузорем. Ё мо туро нест мекунем ва ё ту моро”. Баъд мехезанду аз онҷо мераванд.
Панду андарзҳо:
Ин порае, ки бароятон аз таърихи паёмбарӣ пешкаш гардид, ба се масъалаи муҳим далолат мекунад:
- Ҳақиқати даъватеро, ки Паёмбар (с) оварда буданд, ба таври дақиқ ба намоиш мегузорад. Аз ин пора фаҳмида мешавад, ки даъвати исломӣ, ба ҳар гуна аҳдоф ва ғаразҳое, ки ба эҳтимол соҳибони даъвати нав ва ё даъватгарон ба инқилобу ислоҳот дар замирашон мепарваранд, омехтагие надорад.
Оё Паёмбар (с) бо даъвати хеш расидан ба ҷоҳ ё мансаберо дар назар доштанд? Шояд ноил шудан ба мақоми баланди иҷтимоӣ ва ё ғун кардани сарвати ҳангуфт ҳадафашон буд? Ё шояд ҳама гап дар сари хаёлоте буд, ки бар асари беморие ба зеҳнашон меомад?
Ҳамаи ин эҳтимолоте мебошанд, ки устодони ҳамлаи фикрӣ ва душманони дин онро ба кор мебаранд. Вале чӣ асроре бузург, ки Худо дар фаъолияти паёмбараш омода ниҳон доштааст. Ба ҳикмати илоҳӣ рӯзгори эшон бо чунин ҳодисоту рӯйдодҳое пураст, ки думи ҳамаи эҳтимолоти носазоро бурида месозаду пеши роҳи ҳамагуна омилҳои васвасаро мегирад ва арбоби ҳамлаи фикриро дар нимаи роҳе, ки онро дар кори муборизаи фикриашон пеш гирифта буданд, ҳайрон мегузорад.
Аз қабили чунин ҳикматҳои илоҳӣ буд, ки мушрикони Қурайш баъд аз тасаввуру хаёли чунин эҳтимолот, бо Паёмбар (с) як силсила гуфтушунидҳо созмон додаанд. Ҳол он ки худи онҳо моҳияти даъват ва ғояи рисолати он касро медонистанд. Боз онҳо хуб дарк мекарданд, ки Он ҳазрат (с) ба пешниҳодҳои мағруркунандаи онҳо дода намешаванд. Вале иродаи Худо чунин хост, то таърих ба дурӯғ будани даъвои устодони ҳамлаи фикрӣ, ки дар замонҳои баъдӣ меоянд, гувоҳ бошад.
Муҳаққиқоне аврупоӣ амсоли Кремер ва Фон Флутен зиёд фикр карданд. Баъд барои адо кардани вазифаи шубҳаандозиву ҳамлаи фикрӣ илоҷе наёфтанд, ба ҷуз он ки аз ҳақиқат чашм бипӯшанд ва даъво кунанд, ки “ангезаи даъвати Муҳаммад (с) ин рағбати ӯ ба сарвариву пешвоӣ буд”. Вале онҳо бо ин даъвои хеш ҳатто кӯдаки гаҳвораро ба қаноат оварда наметавонанд.
Худованд пеш аз онҳо Утба ибни Рабиа ва амсоли ӯро мусаххар намуд, то ин гуна ангеза ва ормонҳоро ба Муҳаммад (с) матраҳ созанд. Дар сурати пазируфта шудани онҳо аз тарафи Паёмбар (с) Қурайш ҳамагӣ барояшон итоат мекунаду силоҳашро, ки бар зиддашон бардошта буд, ба замин мегузорад, аз он олоти таъзиб, ки барои азобу шиканҷаи он касу ёронашон ба кор мебурд, даст мекашад.
Чаро Он ҳазрат (с) чунин накарданд? Ба пешниҳодоти онҳо розӣ нашуданд? Модоме ки ҳадафи ниҳонӣ аз даъвату рисолаташон ҳамин бошад, чаро ба он ғанимати муфт нигоҳ накарданд?
Оё аз касе, ки дар талаби ҷоҳу ҷалол аст, чунин кор дар назар аст?! Баръакс, вақте ки наздаш меоянд, то тавассути гуфтушунид ва гоҳе бо илтимосу гоҳи дигар бо таҳдид барояш хостаашро тақдим намоянд, оромона гӯш медиҳад ва дар охир барояшон чунин мегӯяд: ” Ман ба он чӣ овардаам, на мол мехоҳаму на шарафи шуморо дар назар дорам ва на сарвариатонро. Худо маро сӯйи шумо фиристод ва ба ман китобе нозил карда, фармуд, то башоратдиҳандаву огоҳкунанда бошам. Ман ба шумо гуфтаҳои худоямро расонидаму чизеро пинҳон надоштам. Агар чизи овардаамро қабул кунед, пас он бахтатон дар дунёву охират аст. Вале агар онро рад намудед, ман ба кори Худо сабр мекунам, то даме ки Худо миёни мову шумо ҳукм намояд”.
Баъдан, рӯзгорашон низ ба гуфторашон мутобиқ буд. Чун Он ҳазрат (с) вақте аз ин сарвариву пешвоӣ рӯй гардониданд, он танҳо сухане набуд, ки ҳамин тавр барои мардум гуфта шавад. Балки гирудорашон ва рафтору кирдорашон ҳама шоҳиди гӯйи ин ҳама даъвояшон буд. Дар хӯрдану нӯшидан, масалан, ба ҳадде одӣ буданд, ки аз вазъи бенавоёну фақирон фарқ намекард. Аз Ҳазрати Оиша (раз.) дар ривояти Имом Бухорӣ чунин омадааст: “Паёмбар (с) дар ҳоле вафот карданд, ки дар тоқи мо чизе хӯрданӣ набуд. Ба ҷуз як андоза ҷав, ки ман онро то дер хӯрдам”. Анас (раз.) дар ривояти Имом Бухорӣ мегӯянд, ки “Паёмбар (с) то дами марг сари хоне нахӯрдаанд ва то дар ҳаёт буданд, аз нони нарм тановул накардаанд”.
Пӯшоку ҷиҳози хонаашон низ хеле сода буд. Бурёи хона ҳини нишастан ба баданашон асар мекард. Ҳеҷ нашудааст, ки Он ҳазрат (с) ба кӯрпаи нарм хоб карда бошанд. Ҳатто ҳамсаронашон, ки миёни онҳо Оиша низ буданд, боре наздашон омада, аз сахтии зиндагӣ шикоят карданд ва талаб намуданд, ки харҷи зинат ва либосашонро бештар созанд, то нафаре аз онҳо аз занони дигар саҳобагон кам набошанд. Он ҳазрат (с) бо дидани ин ҳол дар хашм сарашонро хам намуданд ва ҷавобе надоданд. Баъд ояти
“يا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْواجِكَ إِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ الْحَياةَ الدُّنْيا وَزِينَتَها فَتَعالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَأُسَرِّحْكُنَّ سَراحاً جَمِيلًا، وَإِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَالدَّارَ الْآخِرَةَ، فَإِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِناتِ مِنْكُنَّ أَجْراً عَظِيماً” [الأحزاب / 28، 29]
(Эй Паёмбар, ба ҳамсаронат бигӯ: “Агар шумо зиндагонии дунё ва зинати онро мехоста бошед, пас биёед, шуморо бо некӣ аз банди никоҳи хеш раҳо созам. 29) Ва агар шумо ризои Аллоҳ (ҷ) ва Расулаш ва дар охират ҷаннатро мехоста бошед, пас Аллоҳ (ҷ) ба касоне аз шумо некӯкоранд, бегумон аҷри азим омода намудааст.”)
нозил шуд. Паёмбар (с) ин оятҳоро барояшон хонда доданд. Сипас, пеши онҳо ихтиёри ҳамроҳашон бо чунин вазъе, ки доранд, зиндагӣ кардан ва ё дар талаби хеш оид ба зиёд кардани харҷи зинату мол исрор варзиданро гузоштанд. Дар ҳолати дуюм Паёмбар (с) аз онҳо ба хубӣ ҷудо мешаванд. Онҳо ҳама чунин зиндагӣ бо Паёмбар (с)-ро интихоб намуданд.
Баъди ин ҳама кадом соҳибақл ба ростии нубуввати Он ҳазрат (с) шубҳа мекунад?! Кадом соҳибфикре ба худ муносиб медонад, ки хаёл намояд, ки ангезаи даъвати Он ҳазрат (с) рағбати сарвариву ҳаваси сарватмандӣ буд? Ин буд, далолати нахустин, аз ин пора.
- Паёмбар (с) дар баробари сифати нубувват боз мавсуф ба ҳикмате буданд, ки хосси эшон буд. Ҳар коре, ки аз эшон содир мешуд, берун аз ин ҳикмат набуд. Пораи мазкур ба ҳамин сифати хоссаи Паёмбар (с) низ далолат мекунад.
Ҳикмат чист? Оё аз рӯйи раводиди худат барои пеш бурдани даъват василаеро, ки муносиб медонӣ, истифода барӣ, ҳамин аст ҳикмат? Оё шариат чунин салоҳиятро ба ту додааст, ки ту худат роҳи пеш бурдани даъватро муайян намоӣ, ё василаи муносибро интихоб кунӣ, модоме ки ҳадаф аз ин корҳо расидан ба ғоя бошад?
На. Ҳаргиз. Шариати исломӣ ҳамон тавре ки моро тавассути ғояҳо ба бандагӣ хондааст, инчунин дар истифодаи василаҳо низ бандагии моро талаб намудааст. Аз ин рӯ, касе ҳақ надорад, ки барои ноил шудан ба ғояе, ки Худо барои бандагон муайян кардааст, аз роҳе истифода кунад, ки Худо онро муқаррар накардааст. Албатта, ҳикмат ва сиёсати шаръӣ дорои маънои муътабар мебошанд ва бояд ба инобат гирифта шаванд. Вале он маъноҳо танҳо дар чорчӯбаи ҳамин василаҳои муайян шуда бояд буда бошанд. Он чӣ дар боло гуфта шуд, далели ин суханҳо мебошад. Чун аз боби ҳикмат ва сиёсат мумкин буд, ки Паёмбар (с) ба пешниҳоди онҳо дар бораи сарвариву пешвоӣ розӣ шуда, дар оянда онро барои таҳқиқи даъвати исломӣ ҳамчун васила ба кор баранд. Хусусан, дар ҳоле, ки сарвариву подшоҳӣ таъсире бузурге бар нуфуси башарӣ доранд. Ҳамин далел бас аст, ки соҳибони даъвату мазҳабҳои гуногун фурсати даст ёфтан ба ҳокимиятро ғанимат мешуморанд, то баҳри бор кардани даъвату мазҳабашон болои мардум аз нирӯи он кор гиранд.
Вале Паёмбар (с) пеш гирифтани ин сиёсат ва ин василаро барои даъвати худ напазируфтанд. Зеро ин чиз ба ғояҳои даъват мухолифат мекард.
Агар чунин услуб навъе аз анвои ҳикмат ва сиёсати оқилона мебуд, пас байни шахси содиқе, ки дар сидқаш сареҳу ошкор аст ва козибе, ки бо дурӯғаш мардумро фиреб медиҳад, фарқе намемонд ва мардони дар даъваташон содиқ бо даҷҷолону фиребгарон дар як хат ва як барнома, ки номаш “ҳикмату сиёсат” аст, яксон мешуданд.
Бешак, фалсафаи ин дин ҳам дар василаву ҳам дар ғоя бар асоси шарафу сидқ бунёд шудааст. Чунон ки ғоя танҳо бо сидқу шараф ва сухани ҳақ устувор мегардад, ин чунин васила низ бояд аз роҳи сидқу шараф ва сухани ҳақ маншаъ гирад.
Аз ин ҷост, ки соҳибони даъвати исломӣ дар аксари ҳолат ва шароит ба қурбониву ҷиҳод ниёз доранд. Зеро роҳе, ки мераванд, барояшон имконият намедиҳад, ки бештар ба тарафи росту чап тоб хӯранд. Дуруст нест андешаи он, ки принсипи ҳикмат дар даъват танҳо ба хотири он ҷорӣ шудааст, ки кори даъватгарро осон ва ё душвориву машаққатро бартараф созад. Балки сирри ҷорӣ шудани ҳикмат дар даъват он аст, ки шахси даъватгар роҳҳои ба ақл ва фикри инсонӣ наздиктаринро пеш гирад. Яъне, вақте ки шароит дигаргун мешаваду пеши роҳи даъватро монеаву саддҳои мухталиф мегиранд, дар ҳамин сурат ҳикмат тақозо мекунад, ки абзори ҷиҳоду қурбонӣ бо ҷону мол омода карда шавад. Зеро маънои ҳикмат ин ниҳодани ҳар чиз ба ҷойи муносиби худаш аст.
Ин аст фарқ байни ҳикмат ва фиреб, ҳикмат ва мусолаҳа. Шумо хуб медонед, ки Паёмбар (с) вақте як бор эҳсос карданд, ки иддае аз сарварони Қурайш ба фаҳми дин таваҷҷӯҳ доранд, хурсандона бо тамоми вуҷудашон бо онҳо сухан карданду барояшон он чизи аз ҳақоиқи Ислом пурсидаашонро шарҳ доданд. Ҳатто ба хотири ин кор ва ба умеди ҳидояти онҳо ба саҳобии нобино Абдуллоҳ ибни Уммимактум, ки аз он ҷо гузашта, ба онҳо ҳамроҳ шуда буданд ва хостанд он кас ҳам чизе пурсанд, беэътиноӣ зоҳир намуданд. Он ҳазрат (с) хеле мехостанд, ки фурсати фароҳамомада аз даст наравад ва умед доштанд, ки ба пурсишҳои Абдуллоҳ ибни Уммимактум дигар вақт ҷавоб медиҳанд.
Вале Худованд Он ҳазрат(с)-ро барои ин корашон итоб намуда дар сураи Абаса гуфт: “عَبَسَ وَتَوَلَّى أَنْ جاءَهُ الْأَعْمى” [عبس / 1، 2]
((Расули Худо (с) ) рӯяшро турш кард. 2)(Вақте, ки) шахси нобино ба наздаш омад.)
Худованд ин иҷтиҳоди Паёмбарро хуш надошт, агар чи ғараз аз он дурусту арзишманд буд. Зеро ин васила ба ранҷурии хотири мусулмон сабаб шуд ва ё шомили чизе буд, ки ба рӯй гардонидан аз ӯ ва ба хотири ҷазби дили мушрикон ба бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба ӯ далолат мекард. Аз ин рӯ, чунин васила на машрӯъ асту на мақбул.
Хулоса, касе ҳақ надорад, ки бо номи пайравӣ аз ҳикмат дар насиҳату даъват, чизе аз аҳкоми Ислом ва асосҳои онро дигаргун созад, ё аз хатти кашидаи он берун ояд ва ё нисбат ба он беэътиноӣ зоҳир намояд. Чунки ҳикмат ҳамон вақт ҳикмат ҳисобида мешавад, ки агар дар доираи чорчӯбаи шариат ва асосу ахлоқи он буда бошад.
- Дар ин ҳодиса Паёмбар (с) нисбат ба он талаботе, ки Қурайш ҳамчун шарт барои пайравӣ аз эшон пеш овард, мавқеи устувор доштанд, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ намуд. Ин мавқее буд, ки аз тарафи Худо ҷонибдорӣ ёфт. Чунон ки ҷумҳури муфассирон гуфтаанд, ки ояти карима аз сураи Исроъ дар ҳамин хусус нозил шудааст. Дар он чунин омадааст:
“وَقالُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكَ حَتَّى تَفْجُرَ لَنا مِنَ الْأَرْضِ يَنْبُوعاً أَوْ تَكُونَ لَكَ جَنَّةٌ مِنْ نَخِيلٍ وَعِنَبٍ فَتُفَجِّرَ الْأَنْهارَ خِلالَها تَفْجِيراً، أَوْ تُسْقِطَ السَّماءَ كَما زَعَمْتَ عَلَيْنا كِسَفاً أَوْ تَأْتِيَ بِاللَّهِ وَالْمَلائِكَةِ قَبِيلًا، أَوْ يَكُونَ لَكَ بَيْتٌ مِنْ زُخْرُفٍ أَوْ تَرْقى فِي السَّماءِ وَلَنْ نُؤْمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّى تُنَزِّلَ عَلَيْنا كِتاباً نَقْرَؤُهُ قُلْ سُبْحانَ رَبِّي هَلْ كُنْتُ إِلَّا بَشَراً رَسُولًا ” الإسراء / 90- 93]
(Ва (мушрикон) гуфтанд: “Мо ҳаргиз ба ту имон намеорем, то он ки барои мо аз замин чашмаи хушкношавандае берун созӣ,- 91) ё бӯстони хурмову ангур дошта бошӣ, пас дар васати он ба таври фаровон ҷӯйҳоро ҷорӣ намоӣ,- 92) ё чунончи даъво мекунӣ, осмонро (баҳри азобамон) бар мо пора-пора фурӯ бирезӣ, ё Худо ва фариштагонро ба таври ошкор биоварӣ, 93) ё хонаи тиллоӣ дошта бошӣ, ё ба осмон бароӣ ва ба осмон баромаданат имон намеорем, магар вақте аз назди Худо китоби навишташудае биоварӣ, ки онро қироат кунем.” Бигӯй: “Парвардигорамро ба покӣ мехонам! Ман инсоне паёмбар беш нестам. ”)
Сабаби ин талаби онҳоро иҷобат накардани Худо чи хеле, ки бархе гумон кардаанд, он набуд, ки Паёмбар (с) муъҷизае ҷуз Қуръон дода нашудаанд. Балки аз он сабаб буд, ки Худованд медонист, ки онҳо аз рӯйи куфру саркашӣ танҳо ба хотири истеҳзо аз Паёмбар (с) ин чиҳоро талаб мекунанд. Чи тавре ки аз услуби талаб ва навъи дархосташон низ дида мешавад. Агар Худо аз онҳо талаби ростин ва нияти нек медид ва медонист, ки онҳо ба ин кор ба хотири боварӣ ҳосил намудан ба ростии Паёмбар (с) иқдом намуда истодаанд, ҳароина талаботашонро амалӣ мекард. Вале вазъи Қурайш оид ба ин масъала ҳамон гуна буд, ки Худо дар ояти дигар аз сураи Ҳиҷр баён намудааст:
“وَلَوْ فَتَحْنا عَلَيْهِمْ باباً مِنَ السَّماءِ فَظَلُّوا فِيهِ يَعْرُجُونَ لَقالُوا إِنَّما سُكِّرَتْ أَبْصارُنا بَلْ نَحْنُ قَوْمٌ مَسْحُورُونَ” [الحجر 15/ 14، 15]
Албатта, баъди чунин фаҳмидани масъалаи мазкур, барои хонанда мусаллам мегардад, ки ин ҳодиса ба он муъҷизаҳои сершумори мухталифе, ки Худо баҳри икроми паёмбараш (с) додааст, мухолифате надорад.
Тафсили он мӯҷизаҳо дар саҳифаҳои оянда хоҳад омад.
Ривояти Имом Бухорӣ. Барои маълумоти бештар ба тафсири ин оятҳо дар Тафсири Ибни Касир нигаред.