Рубрики Хабарҳо

Мариус Фоссум: Олмон бо Абдуллоҳи Шамсиддин озмоиши бисёр хатарноке анҷом дод

Ба рағми ҳушдорҳои зиёди созмонҳои ҳуқуқибашарӣ мухолифони тоҷик, фаъолони муқими Аврупо ва коршиносоне, ки масоили Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, Олмон муҳоҷири тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон истирдод кард. 

Абдуллоҳ Тоҷикистонро соли 2011 тарк гуфта буд, замоне, ки ҳеҷ кадом аз ҳизбу созмонҳое, ки мақомоти Тоҷикистон экстремистиву террористӣ эълон кардаанд, ғайриқонқнӣ маҳсуб намешуд. Баъди ҳиҷрат ба Олмон ҳам Абдуллоҳ фаъолияти сиёсӣ надошт ва ҳамроҳ бо оилааш дар Дортмунди Олмон кору зиндагӣ мекард. 

Ягона ҷанбае, ки аз он ба Абдуллоҳ хатар таҳдид мекард, мавқеъияти падараш буд. Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст ва мухолифин, фаъолон ва созмонҳои ҳуқуқибашарӣ Олмонро огоҳ карданд, ки Абдуллоҳ бинобар фаъолиятҳои сиёсии падараш метавонад зери таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирад. 

Аммо зоҳиран мақомоти олмонӣ ё аз вазъи Тоҷикистон хабар надоранду ҷазо додани писар барои падар афсона менамояд ва ё воқеъан ба ваъдаи мақомоти Тоҷикистон, ки гуфта мешавад дар нишасте ба мақомоти Олмон дода шуда буд, бовар кардаанд. 

Дирӯз манобеъи “Паём” хабар доданд, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи итилоъи манобеъ, танҳо “гуноҳе”, ки додгоҳ аз Абдуллоҳ пайдо кардааст, лайк мондан зери кадом навиштае дар Фейсбук будааст. 

Имрӯз як манбаъи дигарии Паём хабар дод дар додгоҳ намояндаи сафорати Олмон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт.

“Паём” дар ин қазия назари Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи норвежии Хелсинки дар Осиёи Марказиро пурсид:  

 — Мақомоти олмонӣ таъкид мекарданд, ки ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. Ҳоло ӯро ба 7 соли зинлон маҳкум карданд. Тибқи иттилооте, ки мо дарёфт кардем, намояндаи сафорати Олмон дар додгоҳ ҳузур дошт. Алъон Олмон бояд коре анҷом диҳад? 

 — Хушҳолам, ки намояндаи Олмон дар додгоҳ ҳузур дошт. Бубинед, ҳатто дар муқобили чашмони ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақомоти Тоҷикистон аз зиндонӣ кардан пуррӯёна ва бидуни далели як фарди бегуноҳ, ибое надоранд. Давлати Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро истирдод кард ва ӯ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Бинобар ин, ман мӯътақидам, ки мақомоти Олмон бояд фаъолона иқдомотеро барои озодии ҳарчи зудтари ӯ анҷом диҳанд. Ман шахсан мутмаъинам, ки чунин коре шурӯъ шудааст. 

 — Таъқибу озори мухолифон дар Тоҷикистон дар ҳоли шиддат гирифтан аст, аммо аз сӯи дигар, кишварҳои аврупоӣ посухи ради бештар ба паноҳҷуёни тоҷик медиҳанд. Ба назари шумо ин нишондиҳандаи адами иттилоъи кишварҳои аврупоӣ аз вазъияти Тоҷикистон аст, ё далел дигаре дорад? 

 — Фикр мекунам, ки ин ба далели адами иттилоъи кишварҳои аврупоӣ ва камтаваҷҷӯҳии онҳо ба Тоҷикистон аст, чун ҳама таваҷҷуҳ ҳоло ба самти Русия аст, ки ҷанги ғайриқонунии худ дар Украинаро пеш мебарад. Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон фурсате, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба ҷиноятҳои Русия равона мешавад, суъистифода мекунанд. Барои мисол, пас аз террори Борис Немтсов дар соли 2015, Умаралӣ Қувватов, мухолифи тоҷик билофосила дар Истамбул кушта шуд. 

Ба масъалаи камбуди иттилоот баргардем. Намояндагони мақомоти тоҷик ба олмониҳо гуфтанд, ки ҳеҷ даъвое алайҳи Абдуллоҳи Шамсиддин вуҷуд надорад ва бо бозгардондани ӯ ба Тоҷикистон, хатаре ба ӯ таҳдид намекунад. Агарчи нафару созмонҳое мисли зиёд буданд, ки ба олмониҳо ҳушдор медодем, ба Абдуллоҳ шиканҷаву зиндон таҳдид мекунад. Аммо мақомоти олмонӣ, ба қавле, озмоиши бисёр хатарноке анҷом доданд, то бубинанд оё метавон ба суханони Раҳмон эътимод кард ё на. 

 — Паноҳандагони дигари тоҷик аз иттифоқе, ки барои Абдуллоҳ афтод чӣ натиҷае бояд бигиранд? 

 — Тақрибан ҳама паноҳандагони тоҷик дар вазъияти хатарноку ваҳшатнок қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ хонаводаҳои онҳоро, ки дар ватанашон боқӣ мондаанд мавриди таъқиб, озору азият ва таҳдид қарор медиҳанд. Ҳанӯз (дар Аврупо) касоне ҳастанд, ки зери хатари истирдод шудан ба Тоҷикистон қарор доранд, ҷое, ки зиндону шиканҷа дар интизорашон аст. Инҷо як хулоса вуҷуд дорад: ҳамаи мо бояд буҳрони ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бигирем. Мо ба пӯшиш ва мустанадсози ҷиноёти мақомоти Тоҷикистон идома хоҳем дод, кор бо механизмҳои байналмиллалӣ идома дорад. Ҳатман он рӯз фаро хоҳад расид, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷиноятҳояшон посух гӯянд. 

 — Ба назари мо ахиран мақомоти кишварҳои озод камтар ба додаҳои созмонҳои ҳуқуқибашарӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Шумо ин тавр фикр намекунед? Агар ҳа, чаро чунин шудааст? 

 — Ҳоло дар дунё буҳронҳои зиёде вуҷуд доранд, шояд сабаб ин бошад. Иттифоқе, ки бо Абдуллоҳи Шамсиддин афтод, нишон медиҳад, ки набояд садои ҷомеа маданӣ нодида гирифта шавад. Умедворам акнун на танҳо олмониҳо бедор шуда бошанд. Дар ҳар сурат, мо олмониҳо ва ҳамчунин Брюсселу Вашингтон ва ҳама ҷонибҳоеро, ки бетафовут нестанд, дар ҷараён хоҳем гузошт. Ба зудӣ гузорише дар бораи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мунташир хоҳем кард. Ҷаҳон огоҳ хоҳад шуд, ки мақомоти тоҷик чи гуна бо мардуми худ муносибат мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *