Рубрики Хабарҳо

Оё Ҳукумов посух хоҳад дод?

Дархости шаҳрвандии шоири тоҷик аз Ҳукумати Тоҷикистон

Темур Варқӣ, рӯзноманигор, шоир ва тарҷумони тоҷик бо нашри як дархости шаҳрвандӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти тафтишотиву интизомӣ талаб кардааст ба чанд суоли ӯ дар бораи сармояи чандмиллионаи собиқ раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон (РОТ) Амонулло Ҳукумов посух диҳанд.

Дар ин дархосташ бо ишора ба таҳқиқоти журналистии сомонаи маъруфи созмони маъруфи OCCRP (Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои муташаккил) Варқӣ ба ҳукумат ва мақомоти тафтишотии кишвар 14 суол гузоштааст. Рӯзи панҷшанбеи гузашта (04.01.2018) ин сомона бо нашри як таҳқиқот аз хариди чанд қасру хона тавассути Ҳукумов ва ҳамсараш дар Ҷумҳурии Чех ба қимати 10,6 миллион доллар хабар дода буд.

Дархости шаҳрвандии шоири русинависи тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст ва Паём тасмим гирифт онро тарҷума ва нашр намояд:

Дархости шаҳрвандӣ

Ба раисҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон

Ба Раиси Маҷлиси Миллии ҶТ М. Убайдуллоев

Ба раиси Маҷлиси намояндагон Ш. Зуҳуров

Ба раҳбари КДАМ ҶТ С. Ятимов

Ба вазири ВКД ҶТ Р. Раҳим

Ба раҳбари Агентии мубориза бо фасоди ҶТ С. Султонзода

Ба раиси Кумитаи андози ҶТ Н. Давлатзода

Ба раҳбари Хадамоти гумруки ҶТ Абудлфаттоҳ Ғоиб (Саидов)

Ба раҳбари собиқи Хадамоти гумруки ҶТ Р. Эмомалӣ

Ба раиси Бонки Миллии ҶТ Д. Нурмуҳаммадзода

Нусха ба ВАО-и Тоҷикистон ва байналмиллалӣ

Чун шаҳрванди Тоҷикистон аз натиҷаи таҳқиқи байналмиллалие, ки аз тарафи OCCRP — Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои муташаккил оиди амволи дар хориҷбудаи собиқ раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов ва оилаи ӯ ба ҳайрат афтодам.

Қимати амволи дар хориҷбудаи оилаи собиқ вакил ва мансабдор ҳатто дар тасаввур намеғунҷад. Дар 19 соли хидмат ба мардум бо дарназардошти моҳонаи баланди мансабдор дар ҳаҷми 625 доллар моҳона, Ҳукумов метавонист 142 500 доллар ҷамъоварӣ кунад.  

Ман мутмаинам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд ба ин суолҳояшон, ки дар гуфтугӯҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ садо медиҳанд, аз шумо посух гиранд:

1)  Чӣ гуна ба Ҳукумов ва оилаи ӯ, ки бизнеси қонуние аз эшон мушоҳида нашудааст, тавонистаанд он қадар пул кор кунанд, ки имкон пайдо кунанд дар Русия ва истироҳатгоҳҳои Чехия ба маблағи беш аз 11 миллион доллар амвол харидорӣ кунанд?

2) Оё Ҳукумов давоми 19 соли фаъолияташ дар мақоми давлатӣ баёниҳое (декларатсия) аз ин даромадҳояш пешниҳод карда буд ва тибқи он баёнияҳо андоз месупорид?

3) Чӣ гуна ба Ҳукумов муяссар шудааст бо давр задани бонкҳову гумрук сармояи бисёрмиллиониашро аз Тоҷикистон берун барад?

4) Чаро Агентии мубориза бо фасод ва Кумитаи андоз фарқи даҳшатовари даромади қонунӣ ва қимати амволи Ҳукумов дар хориҷ ва дохили кишварро, ки ҳар басире мебинад, мушоҳида накардаанд?

5) Чаро замоне, ки шаҳрвандони дар сардиву торикӣ зиндагикунанда охирин дирамҳояшонро барои сохтмони тӯлкашидаи НБО Роғун месупоранд, мансабдорони муқарраб миллионҳо долларро аз кишвар берун мебаранд?

6) Чаро, агар дар кишвар бо вуҷуди шадидан нарасидани ҷои кор суботу пешравӣ муҳайёст, мансабдори наздик ба раисҷумҳур ба ҳарфҳои ӯ бовар намекунад ва миллионҳо долларро берун бурда, дар истироҳатгоҳҳои кишвари дигар сармуоягузорӣ ва пулшӯӣ мекунад?

7) Чаро, замоне ки бонкҳо муфлис мешаванд ва аз баргардонидани охирин пасандозҳои шаҳрвандон ва додани нафақаву моҳонаи онҳо худдорӣ мекунанд мақомот фишор болои бизнеси қонуниро бештар мекунанд, андозҳоро боло мебаранд ва аз ҳисоби кисаи андозсупорандагон, аз буҷа ба бонкҳо кӯмак мекунанд, аммо миллионҳо доллари ғайриқонунӣ бадастовардаи мансабдорони баландпояро намебинанд?

8) Чаро Тоҷикистон торафт амиқтар ба ботлоқи қарзи беруна фурӯ меравад ва барои баргардонидани қарзҳои Чин, аз ҷумла қарзи сохти роҳи Душанбе — Хуҷанд, ки пулакӣ шудаву пулашро IRS меситонад, маблағ намеёбад?

9) Чаро мақомоти дахлдор таваҷҷӯҳ накарданд, ки дар собиқ хадамоти зери раҳбарии миллионери махфӣ А. Ҳукумов — РОТ солҳо қатораҳо нав намешаванд ва вагонҳо, ки тибқи гуфтаи мусофирон дар ҳолати даҳшатборе қарор доранд, рӯи таъмирро намебинанд?

10) Оё бо далели пайдо шудани сармояи бисёрмиллионаи собиқ вакил ва мансабдор тафтишот оғоз хоҳад шуд?

11) Оё Ҳукумов ба рӯйхати дар ҷустуҷӯи интерпол будаҳо ворид хоҳад шуд?

12) Барои кадом хидматаш ба Ватан миллионери махфӣ 1200 доллар нафақа, ки аз ҳади миёнаи он дар кишвар 37 маротиба бештар аст,  мегирад ва ин чӣ гуна аз лиҳози қонунӣ ва ахлоқӣ тавҷеҳ мешавад?

13) Адолати қонунӣ ин интихобро чӣ гуна кардааст, ки тоҷире, ки 20 миллион доллар ба иҷтисоди кишвар сармоя ворид карда ба ҳабси абад маҳкум шудааст, аммо мансабдори миллионҳо долларро ғайриқонунӣ аз кишвар берунбурда дастнорас ва дар озодӣ аст?

14) Барои зарари воридшуда ба давлат, аз ҷумла зарари маънавӣ, зарба ба эътибори байналмиллалии кишвар ва зарба ба боварӣ ба ҳукумат дар дохили Тоҷикистон кӣ посух хоҳад гуфт?

Темур Варқӣ, рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, шаҳрванди Тоҷикистон

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *