Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 13 ноябр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 56 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 35 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 29 дирам то 13 сомониву 50 дирам арзёбӣ кардааст.
*******
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1878 доллару 75 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 43доллару 27 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 40 доллару 75 сент муомила шуд.
**********
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, бақияи қарзи андоз то аввали моҳи октябр дар кишвар аз 1 миллиард сомонӣ гузашт
Давлатзода зимни баррасии иҷрои буҷаи давлат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, таъкид кард, ки тайи 9 моҳи соли равон қарзҳо аз андоз 440 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ баробар шуданд.
Бино ба иттилои нашрияи Садои Мардум, Давлатзода гуфтааст, “Бинобар сабаби аз тарафи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2020-ум 1 миллиарду 21 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 -ум 440 миллион. сомонӣ зиёд мебошад”.
Дар феҳрасти калонтарин қарздорҳо аз андоз, Давлатзода нерӯгоҳҳо, корхонаи алюминий ва фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоиро ном бурд.
“Қарзи андоз асосан аз ҳисоби Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” 115 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, Неругоҳи барқи обии “Роғун” — 43 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” – 15 миллион сомонӣ , Ҷамъити Саҳомии Кушодаи “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеи он — 25 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 71миллиону 500 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст”.
********
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, хабар дод, ки Хадамоти гумрук нақшаи даромад ба буҷаро барзиёд иҷро намуд
Қаҳҳорзода мегӯяд, тайи 9 моҳи соли равон аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук ба буҷети давлатӣ 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ ворид гардид.
Вазири молия зимни баррасии иҷрои буҷаи давлатӣ тайи нуҳмоҳаи соли равон дар парлумон изҳор дошт, ки даромад аз фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 108,1 дарсади нақшаро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда 289 миллион 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қаҳҳорзода афзуд, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети ҷумҳурӣ 7 миллиард 500 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,9 дарсад кам мебошад.
Дар 9 моҳи сипаришуда нақшаи даромад аз рӯи нуҳ сарчашма ба маблағи 675 миллион сомонӣ таъмин нагардид, таъкид кард вазир.
Иҷрои нақша аз сӯи Хадамоти гумрук дар шароити пандемия дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фасодкорӣ дар ин ниҳод танқид карда, барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.
***
Кумитаи андози Тоҷикистон гила кард, ки маош дар кишвар дар сатҳи зарурӣ боло нарафта, дар бархе ташкилот коргарон ихтисор шуда истодаанд
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зимни баҳси иҷрои буҷаи давлатӣ тайи 9 моҳи соли равон, дар парлумон гуфт, музди меҳнат афзоиш наёфта, дар бархе корхонаҳо теъдоди кормандон кам шуда истодаанд.
Аз руи гуфти раиси кумита “Дар натиҷаи дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон дар баъзе аз корхонаю ташкилот аз ҳисоби андози даромад ва ндози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 101 миллион сомонӣ ва 113 миллион сомонӣ кам ворид шудааст”.
Машраб Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия зимни шарҳи нишондодҳои иқтисодӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ гуфт, музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи номиналии як корманд 1341 сомониву 36 дирамро ташкил дод. Ба гуфтаи вакил, афзоиши номиналии маош 1 фоизро ташкил додааст.
Тибқи иттилои расмӣ, аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ, воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, буҷети давлатӣ, тибқи нақша, ба андозаи 92,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 8 миллиарду 143,3 миллион сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 7 миллиарду 497 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 646,0 миллион сомонӣ кам мебошад.
Раиси Кумитаи андоз дар шарҳи кам шудани даромади буҷа, гуфт дар пайи нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва пастравии даромаднокии корхонаҳои калони саноатӣ, коҳишёбии захираҳои молиявии андозсупорандагон ва қобилияти харидории шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми иҷрои корӣ ва хизматрасониҳо, гардиши савдои чакана, ихтисор шудани ҷойҳои кории мавҷуда дар баъзе аз корхонаҳо, сол аз сол зиёд шудани имтиёзоти андозӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, ҷамъоварии андоз тадриҷан мураккаб гардида истодааст. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақша таъмин нашудааст.
***
Дар вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи нақшаи қисми даромади буҷет набаромаданд.
Як манбаъ аз Раёсати андози вилояти Хатлон ба хабарнигори “Фараж” иттилоъ додааст, ки шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Левакант ва шаҳри Норак дар даҳ моҳи соли ҷорӣ натавонистанд, ки нақшаи андозҳоро пурра иҷро кунанд.
Гуфта шуд, ки шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Носири Хусрав, Кӯлоб, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Ховалинг, Шоҳин ва Балҷувон дар ин давра аз 100 то 109 дарсади қисми даромади буҷетро иҷро карданд.
Аз Раёсати мазкур инчунин хабар дода шуд, ки ба замми иҷро нашудани даромади буҷет дар ин шаҳру ноҳияҳо қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 236 миллиону 635,5 ҳазор сомонӣ 1 миллираду 246 миллиону 392,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 9 миллиону 757,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз беш аз 191 миллиону 845 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.