Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри паёме даргузашти нависандаи чирадасти тоҷик Саттор Турсунро ба наздикон, шогирдон ва аҳли зиёи кишвар таслият ва онро “зойеаи бузург” номид.
Матни он ба шакли зер аст:
Паёми таслияти ПМТ бино ба даргузашти Саттор Турсун
Паймони миллии Тоҷикистон бо таассуфи зиёд даргузашти олими тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саттор Турсунро ба наздикон, шогирдон ва аҳли зиёи кишвар таслият мегӯяд.
Саттор Турсун узви собиқадори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, ҳамчун корманди шоистаи фарҳанги кишвар борҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон дорандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҳаст.
Ин нухбаи тоҷик ҳаёти худро сарфи таблиғи имлу маориф карда, дар рушди фарҳангу адабиёти миллӣ саҳми босазое дорад.
Асарҳои адабии “Се рӯзи як баҳор”, “Санг дар бағал ба тӯфон”, “Камони Рустам”, “Мӯйсафедон”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Ҳасрат” ва ғайра аз таълифоти ин нависандаи чирадаст мебошанд.
Паймони миллии Тоҷикистон даргузашти ин адиб ва нависандаи тоҷикро зойеаи бузурге дар байни аҳли адаби кишвар медонад.
06.06.2023