Ҷаҳон имрӯз аз Нелсон Манделло ба некӣ ва ифтихор ёд мекунад. Ҳарҷо сухан аз озодиву баробарӣ, адолату муборизаи мусолиматомез ба миён биёяд исми ӯ ҳатман онҷо садо медиҳад. Ҳамаи мардуми ҷаҳон имрӯз аз ӯ бо эҳтиром ёд мекунад.
Раҳбаре, ки тавонист бо маҳори нафси худ, мардумро аз қафас ва зиндони ноумедӣ, тарс ва андӯҳу изтироб ба парвоз дароварад. Озодӣ ва озодагиро бо дар банд буданаш ба онҳо ҳадя кард. Ба ростӣ ин шахсияти воломақом кист, ки ин рӯзҳо ҷаҳон якпорча ба ӯ эҳтиром мегузорад?
Ӯ писархондаи яке аз руасои қабилаи Тамбу буд, ки дар муҳити суннатӣ ва қабилаи пешиниёни худ бузург шуда, дар ҳамон навҷавонӣ, ки аз воқеияти гурезнопазире ба номи Опортойд, муқтадиртарин ва муассиртарин системи ситамгари он замон бохабар шуд ва ба мубориза алайҳи он бархост.
Касоне, зиндагиномаи навиштаи худи Манделло «Роҳи душвори озодӣ»-ро хонда бошанд, ҷойгоҳ ва пойгоҳи он родмарди бузургро ба хубӣ дарк хоҳанд кард ва эътироф хоҳанд кард, ки ҷаҳони пурошӯби имрӯз барои ҳидоят ва раҳбарӣ, ба инсонҳое мисли ӯ ба шиддат ниёзманд аст. Ӯ раҳбари фидокор ва хастагинопазир, сиёсатмадори мутааҳҳид ва мутавозеъ, дардманди дардошно ва ахлоқамадор буд, ки ранҷҳои 27 соларо ба ҷон харид. Анвоъи таҳқирҳо, тавҳинҳо ва номардумиҳоро таҳаммул кард ва гузаштро бар интиқом тарҷеҳ дод ва мероси гаронбаҳоеро барои мо ва наслҳои оянда ба ирс гузошт.
Ӯ паёмовари сулҳ, бахшиш, меҳрубонӣ ва гузашт буд. Ӯ «Масеҳи меҳрубонӣ» буд, ки ҷаҳонро ба сулҳ даъват мекард. Ӯ ба мардуми дунё ва ба вижа ба соҳибони қудрат гуфт: «фарҳанги сулҳдӯстиро тарвиҷ кунед, то ҷанг аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дур шавад. Бибахше,д то ҷомеъа ба оромиш бирасад. Афв кунед то ҳама озод бошанд. Меҳрубонӣ кунед, то хушунат аз ҷомеъа рахт барканад. Ба ҳам ишқ биварзед, то нафратҳо задуда шаванд. Ба ҳам вафо кунед, то ба ҷомеъа ҷафо нашавад. Ба ҳам некӣ кунед, то аз бадиҳо раҳо шавед. Мусбатандеш бошед, то нигоҳи манфӣ ҷомеъаро ба нафрат накашонад. Интиқомҷӯӣ накунед, то ҷомеъа аз хушунат пок шавад, бо ҳам мудоро кунед то оромиш дошта бошед. Аз марг нагӯед то зиндагӣ бо тароваттар шавад. Аз ишқ бигӯед то меҳр ва муҳаббат дар ҷомеъа ҷорӣ шавад.
Ӯ устураи сабр, тасоҳул, тасомуҳ ва мадоро буд. Ӯ ҳам бо дӯстон муруват дошт ва ҳам бо душманон мадоро. Ӯ дақиқ фаҳмид, ҳар сиёсатмадоре бояд ҳамонанди падари меҳрубон бошад. Набояд нисбат ба фарзандони хеш табъиз қоил шавад, ҳамаро ба чашми яксон бубинад, аммо аз фарти он ҷомеъаи худро ба ифрот накашонад, балки инсоф ва эътидолро дар бархӯрд бо мухолифони дирӯз дар пеш гирифт.» (Дарсҳое аз Манделло: Саидаҳмад Мирӣ)
Манделло дар пайравӣ аз ақлоният ва маҳори нафсонияти хеш ба қуллае аз арзишҳои воло расид ва барои нафйи беадолатии пайваста ва исботи адолати илоҳӣ ва дастёбӣ ба каромати инсонӣ бо риояи арзишҳои ахлоқии волои инсонӣ ба набард бо сафедпӯстони пӯстпараст ва нажодпараст бархост ва онгоҳ ки танҳо монд, мазлумона тан ба таҳаммули зиндони 27 сола супурд ва маҳрум мондан аз ҳамаи ҳуқуқи моддӣ ва иҷтимоиро ба ҷон харид, то ҷонҳои мардумони ба бандкашида ва маҳрум ҳифз шавад ва дар фурсати муносиб онҳоро аз занҷирҳо ва зангҳо раҳо ва озод созад ва ба мардуми асри санъат ва технология бигӯяд, ки: “агар наметавонед диндор бошед лоақал озода бошед ва барои озодии худ аз юғи асорат, зиллат, бардагӣ ва таҳқиру беэҳтиромиҳо ба по хезед”.
Имони халалнопазир ба Худо, ишқ ба мардум, эҳсоси масъулият, умед ба пирӯзӣ, нишондиҳандаи авҷи азамати инсонӣ аст, ки азаматашро на аз тариқи зар ва зӯр ва тазвир, ки аз тариқи тасхир ва тасарруфи қалб ва зеҳни ҷаҳониён касб карда буд.
Шеваи муборизаи Манделло буд, ки ӯро машҳуру маҳбуб карда буд. Ӯ сухани маъруфе дорад, ки мегӯяд “мебахшам, аммо фаромӯш намекунам”.
Муборизаи чандинсолаи сиёҳон бар зидди режими опортойд, ки пирӯзии дурахшонеро дар корномаи Манделло сабт кард, дар даруни башарият навъе бедории виҷдон ва эҳсоси гуноҳ эҷод кард, ки бадбахтии мондан дар зери бори зулмро эҳсос намуд. Илова бар ин, аслеро ба вижа барои миллатҳо поягузорӣ кард, ки дигар бо ифтихор кардан ба таъриху фарҳангу обову аҷдоду тамаддун басанда накунанд ,балки шиори ҳамли рисолати озодсозии соири миллатҳоро низ сар диҳанд.
Муборизаи Манделло пардаҳои зиштеро, ки ҳар кас дар баробари худ кашида буд, канор зад. Дар паси ин пардаҳо буд, ки ҳар кас аз худ мепурсид, оё ман то ин дараҷа зишт ва номард ҳастам, ки инсоне монанди худамро таҳқир мекунам ва ҳаққашро танҳо ба хотири ранги пӯст ё нажодаш поймол мекунам? Шоҳкори Манделло ба кори равоншиносоне шабоҳат дорад, ки муолиҷаи худро бар асоси равонковӣ дар баробари бемори равонӣ пай мегиранд. Онон мехоҳанд уқдаҳои(комплекс) пинҳони даруни беморро кашф кунанд ва барои озодӣ аз ин уқдаҳо ба ӯ кумак кунанд. Инҷост, ки золимон ногаҳон яксадо фарёд мезананд, ки: Худоё! Оё мо то ин андоза зиштхӯ, кареҳ ва сазовори сарзаниш будаем?
Яъне равиши муборизаи Манделло тавре буд, ки виҷдони золимонро ҳадаф қарор дод ва билохира онро бедор кард. Золимоне аз ҷинси сафедпӯстон, ки ба сиёҳпӯстон зулм мекарданд ва онҳоро ба бардагӣ гирифта буданд.
Манделло бар хилофи аксари озодихоҳон, алоқаманд ба иҷрои шеваи демократӣ буд. Яъне гардиши қудрат аз тариқи иродаи озод, ки барои таҳаққуқи он набояд мунтазири марги ногаҳонӣ ё бемории кушандаи ҳокими пешин монд. Вазъияте, ки бисёре аз раҳбарони имрӯзи ҷаҳони севвум доранд. Аммо вижагии мунҳасир ба фарди Манделло бар хилофи соири ҳамқаторони ӯ дар мафоҳими баланди инсонӣ нуҳуфтааст. Ӯ роҳи ҳалли ду кишварро напазируфт ва бо таъсиси кишвари навпои сиёҳон дар канори давлати сафедпӯстон мухолифат кард. Манделло бар сохтори муштараки инсонӣ пофишорӣ мекард ва болотар аз ҳисси интиқом, кина ва кудурат қарор дошт. Вай маҳбубияти болои худро бо кина ва интиқом нисбат ба касоне, ки мардумашро қатли ом карда ва мавриди озор ва азият қарор дода буданд, иваз накард. Ӯ дар як гирдиҳамоии муштараки инсонӣ ва миллӣ дар ҳоле, ки Фредерик Виллем де Клерк раҳбари ҳукумати опортойди пешинро дар оғӯш гирифта буд ба суханронӣ пардохт ва ӯро ба унвони муовин раисҷумҳур, яъне муовини худаш дар давлати ҷадид қарор дод.
Манделло ба ободонии меҳан бар асоси усули муштараки инсонӣ фикр мекард на ба масоили ҳошиявӣ ва фаръӣ. Ин буд, ки тавонист бар эҳсоси интиқом , нафрат ва кина ғолиб ояд.
Ҳамин тавр Манделло даврони саршор аз интиқом ва кинаро пушти сар гузошт ва дар баробари ситамҳое, ки бар мардуми кишвараш рафта буд, сафҳаи ҷадидеро боз кард, ки бар дармони равонӣ устувор буд. Ӯ дар як вақт ба кӯмаки қурбониён ва ҷаллодон шитофт ва ба поксозии осори душманӣ, ҷуброни костиҳо, марҳам ниҳодан бар захмҳо ва тасҳеҳи инҳирофоти мавҷуд пардохт. Вай ҷаласаҳое тартиб дод, ки дар он қурбонӣ рӯ ба рӯи ҷаллод қарор мегирифт ва бо ҳамаи зулму ситам ва ҷабру шиканҷае, ки дар ҳаққи қурбониаш анҷом дода буд, фурсатро дар ихтиёри ӯ қарор медод то ба гуноҳи худ эътироф кунад. Он гоҳ барои ӯ афв ва бахшиш дархост мекард, то ҳукумат битавонад пас аз он зиёнҳои моддии ҷубронпазирро ҷуброн кунад ва ба ин тартиб кулли ҷомеа аз осори вайронгари кинаву нафрат пок шавад ва аз тамоми анвоъи тақаллуб, пинҳонкорӣ ва интиқом фосила гирад, дардҳо дармон ва бар захмҳои он марҳам гузошта шавад. Ҷомеа бар кинаву интиқом бино намешавад, балки асоси он дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва гузашт ва мадоро аст. Адолати суннатие, ки бар интиқом бино шудааст, наметавонад самарабахш бошад, магар ин ки бо як ё чанд ҷинояткор сару кор дошта бошем. Аммо агар масъала ба ҷомеае марбут бошад, ки ҳазорон нафарро дар худ ҷой додааст, иҷрои интиқом ба ҷанги дохилӣ мунҷар хоҳад шуд. Адолати матлуб ва мавҷуд дар ин ҳолат аз навъи хоссе аст ва навъе дармони равонӣ аст, ки дардҳоро бо густариши арзишҳои инсонӣ, гузашту ҳамкорӣ ва бахшиш дармон мекунад. Адолати матлуб ҳамон адолати интиқоли ҳамроҳ бо гузашт аст, на интиқом.
Ибратҳо
Ҳадаф аз овардани қиссаи зиндагӣ ва шеваҳои муборизаи Манделло танҳо ёдоварӣ ё таърифи қиссае барои ба хоб рафтан нест. Бояд онро омӯхт ва аз он баҳра ҷуст.
Ба хусус барои мардуми кишвар саргузашти Манделло ва усулҳои мубориза, меъёрҳои ҷомеасозӣ ва кишварсозии Манделло аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳам ҳукуматдорон ва ҳам мухолифон гирифтори халаъе ҳастанд, ки таҷрибаи Манделло метавонад онро пур кунад.
Як бор ҳамаи ҷонибҳо арзишҳо ва усулҳои корашонро бо арзиш ва усулҳои Манделло муқоиса кунанд ва бинанд, ки чӣ фарқе байни онҳо вуҷуд дорад. Шояд баъзе бар тафовутҳои замонӣ ва муҳитӣ ангушт бигзоранду шеваи Манделлоро барои замони муосир номумкин ва нодуруст пиндоранд. Аммо арзишҳо, ки тағйире накардаанд. озодӣ, адолат, баробарӣ, гузашт, бахшиш, мадоро ва дигар арзишҳо ҳоло ҳам аҳамияти худро аз даст надодаанд. Танҳо бардоштҳо ва нигоҳҳо тафовут дорад.
Ҷомеъаи имрӯзи мо мисли сиёҳпӯстони замони Манделло дар қафаси яъс, ноумедӣ, нобоварӣ, беэътимодӣ, худкамбинӣ ва ғайра гирифтор мондааст. Барои раҳоӣ аз ин қафас кори равоншиносонае мисли кори Манделло лозим аст.
Танҳо тафовут ин аст, ки мардуми Манделлоро нажоди дигаре зулм мекард, аммо ҷомеаҳои имрӯза аз дасти золимоне дар ранҷанд, ки ҳамдин, ҳаммиллат ва ҳамзабони онҳо ҳастанд. Оё бедор кардани виҷдони як ҳаммиллат ва ҳамдину ҳамзабон душвортар аз бедор кардани виҷдони як нажоди дигар аст? Мутмаиннан не!
Танҳо барои ин кор бояд аз қафаси ноумедӣ, нобоварӣ, беэътимодӣ ва худкамбинӣ мардумро раҳо сохт.
Бобоҷон Қаюмзод