Рубрики Хабарҳо

Бонки Ҳасан Асадуллозода аз монеъаҳои андозбандӣ шикоят кард

Аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон —  ҶСК “Тавҳидбонк”, ки Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ дорад, даъво дорад, ки монеаъҳои андозбандӣ ва қонунгузорӣ ба рушди маблағгузори исломӣ садд мегузоранд. 

Бонк гуфтааст, истифодаи амалии усули маблағгузории исломӣ нишон дод, ки реҷаи андозбандии мавҷуда ба рушди босуръати ҳаҷми маблағгузорӣ ба субъектҳои иқтисодӣ аз ҷониби “Тавҳидбонк” имкон намедиҳад.

“Имконоти молиявии мавҷуда ва захираҳои озоди “Тавҳидбонк” барои маблаггузории фаъол (қарздиҳӣ) ба субъектҳои иқтисоди миллӣ кофист, лекин номукаммалии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва реҷаи андозбандӣ ба истифодаи имконоти сармоягузорӣ ва молиявии бонк баҳри рушди иқтисод ва некӯаҳволии мардум дар чунин давраи душвор шароит фароҳам намеоварад”, — хабар додааст дафтари матбуотии ин бонк. .

“Тавҳидбонк” дархост кардааст, ки бо назардошти эҳтиёҷи шадиди иқтисоди миллӣ ба захираҳои сармоягузорӣ ва қарзӣ дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19 ва таназзули иқтисоди ҷаҳон, тартиби андозбандии бонкҳои исломиро бо андозбандии бонкҳои маъмулӣ баробар карда шавад. .

“Бо вуҷуди номукаммал будани қонугузорӣ ва реҷаи номусоиди андозбандӣ барои амалисозии нахустин модели тиҷоратии бонки исломӣ дар кишвар, “Тавҳидбонк” ҳаҷми сандуқи маблағгузорӣ (сандуқи қарзӣ) ва сандуқи амонатгузоририи худро пайваста меафзояд”, — қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти бонк.

“Тавҳидбонк” даъво дорад, ки дар сурати ҳаллу фасли мушкилоти зикршуда бонк бидуни ҷалби захираҳои беруна метавонад яке аз сармоягузорони фаъол барои иқтисоди миллӣ бошад.

Бонк дархост мекунад, ки аз амалиёти бонкҳои исломии вобаста ба хариду фурӯши дороиҳо (Муробаҳа, Табаррук, Иҷора, Салом, Истисно ва ғайра) андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ситонида нашавад.

Ғайр аз ин дар “Тавҳидбонк” пешниҳод кардаанд, ки то қабули тағйироти дахлдор ба Кодекси андоз амалиёти бонки исломӣ бо амалиёти молиявие, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ муайн карда мешавад, муваққатан баробар шавад.

“Бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва муҳайё сохтани шароиту ҳуқуқҳои баробар бо бонкҳои маъмулӣ, ба бисёре аз кишварҳои Ғарб лозим омад, ки низоми андозбандии худро мутобиқ кунанд, то ки ба бонкҳои исломӣ ҷиҳати рушди хизматгузориҳо ва маҳсулоти худ бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ имкон дода шавад. Мо бояд ҳарчи пурсамартар имконоти воситаҳои бонкинги исломиро баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардум истифода кунем”, — илова кардаанд дар бонки зикршуда.

ҶСК “Тавҳидбонк” аввалин ва ягона бонки мукаммали исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба амалисозӣ ва истифодаи маблағгузории исломӣ дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки милии ҷумҳурӣ оғоз кард.

Ба амалиёти фаъоли маблағгузории исломӣ  ҶМК “Тавҳидбонк” аз моҳи январи соли 2020 шурӯъ кард.

Ин бонк қаблан “Соҳибкорбонк” номида мешуд ва ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *