Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тарафи Анҷумани рӯзноманигорони Осиё (AJA) одами сол шинохта шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Корефи ҷанубӣ .
Мирзиёев дар бахши “сиёсат” баранда шуд. Пирӯзӣ дар ин бахш ба ӯ бинобар саҳми бузургаш дар барқарории сулҳ дар Осиёи Марказӣ ва рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя насиб гаштааст.
Аз замоне, ки Шавкат Мирзиёев дар декабри соли 2016 раисҷумҳур шуд, ӯ ислоҳоте дар сиёсати кишвараш роҳандозӣ кард, ки ба иқтисоди озод, беҳбуди ҳуқуқи инсон ва озодсозии маҳбусони сиёсӣ равона карда шуда буд” — қайд кардааст хабаргузорӣ.
Ҷоизасупорӣ ба барандагон дар рафти Маҷмаъаи умумии AJA дар баҳори соли 2019 баргузор мегардад.
Байни барандагон дар бахшҳои дигар раҳбари LG Group Ку Бон Му, табиби маъруфи амрози қалбӣ аз Миср Маҳдӣ Ҳабиб Яъқуб ва мураббии тими миллии Ветнам оид ба футбол Пак Хан Со ҳузур доранд.
Асмои барандагон аз тарафи доварони махсус баъди тавсия ва баҳогузории аъзои анҷуман ва намояндагони ҳар минтақа эълон гардид.