Рубрики Хабарҳо

Меркел: Нақши Русия ва Эрон дар минтақа ба шакли боризе афзоиш меёбад

Садри аъзами Олмон дар суханронии худ дар маҷлиси ин кишвар ба густурдатар шудани нуфузи Эрон ва Русия дар минтақа ба далели хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ишора кард. Ў пешбинии натоиҷи афзоиши нақши ин ду кишвар дар минтақаро душвор арзёбӣ кард. 

Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи панҷшанбе 17 октябр пеш аз ширкат дар ҷаласаи сарони Иттиҳодияи Аврупо дар бораи хурӯҷи Бритониё аз ин иттиҳодияи баёнияи давлати Олмонро дар мавриди рӯйдодҳои сиёсии муҳими Олмон ва ҷаҳон дар маҷлиси ин кишвар қироат кард. 

Муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди баҳс дар ин баёния дар канори мавзӯъи хурӯҷи Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо, масъалаи ҳузури низомии Туркия дар шимоли Сурия ва навоҳии курднишини Сурия буд. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ангело Меркел дар ин суханронӣ ба мавзӯъи пайомадҳои сиёсии ношӣ аз хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Сурия пардохт. 

Садри аъзами Олмон гуфт, ки дар ин вазъият Русия ва Эрон нақш ва нуфузи худро дар минтақа ба шакли боризи афзоиш хоҳанд дод. 

Ангело Меркел гуфт: “нақши Русия дар минтақа ба ҳамроҳи Эрон ба таври чашмгире дар ҳоли афзоиш аст, натоиҷи он ҳанӯз қобили пешбинӣ нест.” 

Ӯ афзуд: “Мо итминон дорем, ки амнияи Туркия дар марзҳои ин кишвар аз тариқи абзорҳои низомӣ таъмин намешавад, балки танҳо аз тариқи дипломатик ба даст хоҳад омад.” 

Меркел таъкид кард, ки Олмон ба далели ҳамлаи низомии Туркия ба Сурия феълан аз таҳвили силоҳ ба ин кишвар худдорӣ хоҳад кард. Садри аъзами Олмон аммо дар ин суханронӣ ба таваққуфи қарордодҳои таслиҳотие, ки пеш аз ин миёни Туркия ва Олмон баста шудаанд ишорае накард. 

Садри аъзами Олмон дар ҳузури намояндагони маҷлис ҳимояти худро аз тавофуқи ин кишвар бо Туркия дар бораи паноҳҷӯёни маврид таъйиди дубора қарор дод. Ў гуфт, ки ҳамзамон аммо хостаҳои кишвари худро низ ба иттилоъи Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, расондааст. 

Ангело Меркел дар бораи тавофуқ бо Туркия дар мавриди паноҳҷуён гуфт: “бо вуҷуди ҳама интиқодҳо ба қарордод бо Туркия, ман тамоми талоши худро хоҳам кард, ки ин тавофуқ побарҷо бимонад.” 

Садриаъзами Олмон тасреҳ кард, ки ин тавофуқ боиси наҷоти ҷони инсонҳо хоҳад шуд ва аз қудрат гирифтан ва боз будани дасти қочоқчиёни инсон ҷилавгирӣ хоҳад кард. Ў гуфт, ки паноҳҷуён метавонанд дар Туркия, дар наздикии кишвари худ, зиндагии беҳтареро думбол кунанд. 

Меркел афзуд, ки Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо кӯмакҳои молии лозимро барои ба мадраса рафтани тамоми кӯдакони сурӣ дар Туркия таъмин хоҳанд кард. Ў таъкид кард, ки “то кунун набояд аз пазириши масъулият шона холӣ кард ва фасхи ин қарордод кӯмаке ба беҳтар шудани зиндагии паноҳҷуён нахоҳад кард ва танҳо боис афзоиши фишор бар заифтарҳо хоҳад шуд”. 

Ангело Меркел дар суханронии рӯзи панҷшнбеи худ илова бар ҳама интиқодҳо нисбат ба иқдомоти феълии давлати Туркия дар ҳамлаи низомӣ ба навоҳии курднишини Сурия, аз ин кишвар ба далели пазириши се миллиону 600 ҳазор паноҳҷуии сурӣ қадрдонӣ кард. 

Ӯ гуфт: “Туркия саҳми бисёр муҳиммеро дар иқдомоти башардӯстона бар ӯҳда гирифта, ки моро дар Аврупо низ шармсор мекунад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *