Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом, рӯзи 25-уми июл аввалин шуда дар бораи ҳукми қотилони чандин сокинони шаҳр иттилоъ дод. Охири моҳи декабри соли 2024 чаҳор сокини Конибодомро мақомоти интизомӣ боздошт карданд, вале ин ҳафт моҳ дар бораи онҳо маълумоти расмӣ нашр намешуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон он вақт хабар дода буд, ки Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев, Манучеҳр Одилов ва Бахтиёр Равшановро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард.
Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом: “Чор нафаре, ки шумо номбар кардед, барои содир кардани ҷинояти куштор гунаҳкор дониста шудаанд. Нисбаташ ҷазои ҳабси якумра татбиқ карда шудааст аллакай. Шумо аз васоити ахбори омма ва ахбороте, ки вазоратҳои ҳифзи ҳуқуқ додаанд, воқиф гардидаед. Ман ҳамин чизро алҳол гуфта метавонаму халос, зеро ҳамин қадар ахбор дар дасти ман ҳаст.»
Намояндаи шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр гуфт, ки танҳо нисбати ҳукми ҳабси абади Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев, Бахтиёр Равшанов ва Марат Сатторов маълумот доранд, вале дар бораи тақдири парвандаи Манучеҳр Одилов иттилоъ надоранд. Ҳамчунин гуфта нашуд, ки саркардаҳои гурӯҳ кӣ будаанд ва мақсади онҳо чӣ будааст. Вале бо дархости Тоҷикистон дар пайванд ба ин кушторҳо ду шаҳрванди Қирғизистонро дар пайгарди расмӣ қарор додаанд.
Диловар Ализода, намояндаи шӯъбаи корҳои дохилии Конибодом: “Вобаста ба ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон тафтишот идома дорад. Барои дастгир кардани онҳо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯии хешро гузаронида истодаанд. Инҳо шаҳрвандони Қирғизистон Исаев Норбулсун ва Мақсадбеков Қутманбек аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезӣ кардаашон, дар якҷоягӣ кушторро содир кардаанд ва мавриди ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд”.
Афроде, ки Додгоҳи олӣ ба ҳабси абад маҳкум кардааст, дар маҷмӯъ ба қатли 23 нафар, аз ҷумла 8 ноболиғ гунаҳкор дониста мешаванд. Қаблан пайвандони ин боздоштшудагон даст доштан дар кушторҳои пайдарпайро зери суол бурда буданд.
Дар ҳоле , ки мақомоти интизомӣ баъд аз боздошти гумонзадҳо дар ҳафт моҳи охир тафсилоте надодаанд. Баъзе аз наздикони кушташудаҳо мегӯянд, мақомот гумонзадҳоро ба ҷойи ҳодиса оварданд ва далелҳои шайъиро нишон доданд.
Бо гузашти якуним сол аз кушторҳои пайиҳам ва асроромез дар Конибодом баъзе аз нигарониҳо ҳамчунон боқист. Санҷиши мошинҳо, ки аз нимаи моҳи декабри соли 2024 дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом ба роҳ монда шуд, идома дорад. Вале низомиён, ки дар хаймаҳо шабонарӯзӣ минтақаро посбонӣ мекарданд, дар аввали моҳи апрели имсол ба ин кори худ поён доданд.