Дар чиллаи тобистон қисмате аз дарахтони зардолуи ноҳияи Ашт пажмурда шудаанд ва боғпарваронро аз зардолупарварӣ маъюсу ноумед кардааст. Молики хоҷагии деҳқонии Ғолибшоҳ, ки нуҳ гектар боғи зардолу доранд, мегӯяд, даҳҳо дарахтро имсол аз даст додаанд.
Самандар Маризоев, Раиси хоҷагии деҳқонии Ғолибшоҳ: “Вазъи зардолуҳо имсол бениҳоят вазнин. Зардолу мисли донак шуд. Вақте зардолу қариб мепухт, 28 рӯз об нашуд. Аз сабаби ҳамин сифати зардолу хеле паст шуд. Зардолуҳое, ки 8 сол 10 сол парвариш кардем, дар як сол қариб 30 фоизаш хушк шуд”.
Бисёре аз деҳқонон мегӯянд, вазъ дар аксари хоҷагиҳо имсол чунин буд. Ба боғи Ҳикматуллоҳ Машарипов дар як моҳ як бор об омадааст, дар ҳоле, ки ҳадди ақал се бор бояд об мегирифтанд. Ҳикматуллоҳ Машарипов, сардори хоҷагии деҳқонии Маҳмуд: “Навбат ҳаминх ел дер омада истодааст. Пойгоҳи обкашӣ вайрон шуд мегӯянд. Ба фикрам як рӯз кор кунад, ду рӯз вайрон мешавад”.
Самандар Маризоев, раиси хоҷагии деҳқонии Ғолибшоҳ: “Як нафарашон ин хел мегӯянд, каси дигар дигар хел мегӯянд. Мо намефаҳмем. Чӣ хел зимистон таъмир мекунанд, маблағ ҷудо мекунанд, маблағи обро мардум дода истодааст ва халқ аз об қарздор нест. Намедонем сабабаш чӣ аст?”
Ба гуфтаи зардолупарварон, танҳо имсол нест, ки ба заминҳо об кам меояд. Тақрибан 5 соли ахир вазъи обёрӣ торафт бад мегардад ва зиёни иқтисодии онҳо ҳам зиёд мешавад.
Ҳикматуллоҳ Машарипов, сардори хоҷагии деҳқонии Маҳмуд: “Вай сол аз ҳамин замин 8 халта зардолу гирифтем. Зардолуҳо мисли тугма майда шуд. Дар асл зардолуҳои ман навъи хубаш аст. Ҳашт халтааш сесад кило мешавад, агар даҳ сомонӣ фурӯшем 3 ҳазор сомонӣ мешавад. Пули харҷамонро намешавад. Маҷбур диламон ба дарахтонамон месӯзад, барои ҳамин нигоҳубин мекунем.»
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт мегӯянд, ки сабаби асосии кам шудани об тағйири иқлим ва гарм шудани ҳаво аст. Ба гуфтаи Шуҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳия ба ғайр аз обҳое, ки аз дарё мекашанд, аз нӯҳ чоҳ оби зеризаминӣ мегиранд, ки сатҳи оби онҳо ҳам поён рафтааст. Аз сӯи дигар пойгоҳҳои обкашӣ куҳна шудаанд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт: “АНС 1 (пойгоҳи обкашӣ) дар давраи Шӯравӣ соли 1973 сохтмонаш оғоз шуда ва соли 1977 ба истифода дода шудааст. Дар он давр барои 12 ҳазор заминҳои полезӣ иқтидори обёрӣ дошт. Имрӯз ин заминҳо ба 18 ҳазор гектар шудаанд ва ин пойгоҳ ба замини зардолузор хизмат карда истодааст. Баъди соли 2000-ум азхудкунии заминҳо бештар шуд.»
Пойгоҳи обкашии ноҳияи Ашт, (АНС – 1) аз рӯди Сир дар дурии тақрибан 15 километр об мекашад. Панҷ сол пеш ин пойгоҳ бо сабаби қатъи нерӯи барқ вайрон шуд. Он замон масъулони идораи обёрӣ гуфта буданд, ки ба сабаби фарсуда будан қубурҳо кафиданд ва аз он замон то ҳол мушкили камобӣ бештар мешавад.
Масъулони соҳа дар ҳоле ба беҳбудии вазъ умедворанд, ки сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд барои аз худ кардани беш аз 4 миллион сомонӣ, ки аз ҷумла барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия пешбинӣ шуда буд, дар боздошт аст.
Ашт бо 165 ҳазор аҳолӣ, яке аз ноҳияҳои умдатан кишоварзӣ аст. Ба ҷуз як корхонаи намак дигар корхонаи калони саноатӣ надорад. Яке аз василаи асосии таъмини рӯзгори мардуми минтақа боғпарварӣ аст ва камобӣ ба ҳамин манбаи даромад ҳам таҳдид мекунад.