Эстафетаи талаби истеъфо аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки пойгоҳи “Ислоҳ” роҳандозӣ кардааст, шиддат мегирад.
Дар ин эстафета, ки мудири “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин шурӯъ кардааст, аллакай даҳҳо нафар ширкат кардаанд. Фаъолон навореро бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмон сабт карда ба “Ислоҳ” мефиристанд ва пойгоҳ онҳоро ҷамъоварӣ ва нашр мекунад.
Ҳоло ду навор аз ин даъватҳо нашр шудаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин ба Паём гуфт, ки то имрӯз садҳо навор дастрас кардааст ва қисм-қисм нашр хоҳад кард.
Баъди даъвати раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ба истеъфои Раҳмонов, маъракаи талаби истеъфо аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шиддат гирифтааст.
Сообщение ПАЁМ.net.