Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки гурӯҳи мутахассисону муфаттишони варзида ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд. Аммо мақомоти интизомӣ бо такя ба махфӣ будани парванда, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.
Хонаводаи Абдураҳимовҳо як моҳ боз мотам доранд. Шаби 26 ба 27-уми июн, Зариф Абдураҳимови 38-сола, сардори хонавода, дар назди фарзандонаш аз ҷониби ду нафар шахси ниқобпӯш ба қатл расиданд. Гулсанам Абдураҳимова, ҳамсари Зариф, мегӯяд он шаб дар бемористон қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро дар назди даромадгоҳи хонааш бо корд захмӣ карда ва куштанд.
Ба гуфтаи Гулсанам Абдураҳимова, ҳамсари Зариф Абдураҳимов, онҳо пул пурсиданд ва бачаҳо гуфтанд, ки чизе намедонанд. Беҳрӯз Абдураҳимов, ҷияни Зариф Абдураҳимов ҳам мегӯяд, яке аз ҳамлаварон 10 ё 15 маротиба бо занҷир ба пушт ва дастони ӯ зад.
Ба гуфтаи Озодбек Абдураҳимов, писари Зариф Абдураҳимов: «Маро заду гуфт, ки агар ҷойи пулро нагӯӣ мекушам. Ман намедонам гуфтам, ки ба қафоям бо занҷир зад».
Ба гуфтаи наврасон, он шаб Зариф бо духтаронаш дар болои мошини худрави «Портер», дар ҳавлӣ, хобида буд. Пас аз доду фарёди фарзандон, падар бедор шуда, ба тарафи ҳуҷраи писарон меравад.
Озодбек Абдураҳимов, писари Зариф Абдураҳимов дар шарҳи ҳодиса афзуд, «вақте мо ҳеч чиз нагуфтем, ба дасту пой ва чашмонамон скотч (ширеш) кард. Дар ҳамин ҳолат падарам омаданд. Баъд ман тарсидам, ки ҳозир ба падарам ягон зиён мерасонад. Як илоҷ карда скотчро канда, аз ҷой хестам, ки онҳо ба тарафи саҳро гурехтанд. Баъд доду вой карда ҳамсояҳоро ҷеғ задам ва дидам, ки падарам дар пеши чашмам ҷон доданд».
Мақомоти интизомӣ баъди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карданд ва таҳқиқ идома дорад. Аммо бинобар доштани мӯҳри махфӣ, масъулон ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд.
Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки то ҳол гумонбарон дастгир нашудаанд.
«Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ идома дорад. Кормандони собиқадору соҳибтаҷрида аз Вазорати корҳои дохила, аз Прокуратураи генералӣ ва ҳам вилоятӣ, омада корбарӣ карда истодаанд. Ман боварӣ дорам, ки рӯзҳои наздик ин ҷиноят ошкор карда мешавад”.
Ҳолдонҳо ва чандин сокинони деҳаи Саричашмаи ҷамоати Гулхона гуфтанд, мақомоти тафтишотӣ бисёре аз сокинонро ба бозпурсӣ даъват карда ва бархеашонро боздошт кардаанд.
Дар рӯзҳои аввали баъди ҳодиса яке аз пайвандони Зариф Абдураҳимов, Ёқуб Иброҳимови 50-соларо ҳам мақомот ба милисахонаву додситонӣ бурда, оиди ин масъала пурсуҷӯ кардаанд. Вале баъди як ҳафтаи қатли Зариф Абдураҳимов, ӯ низ санаи 5-июл ба таври мармуз ҷон бохт. Пайвандонаш гуфтанд, ки худкушӣ кард ва раиси ноҳия мегӯяд, тафтиши марги ӯ низ идома дорад.
Гулсанам Абдураҳимова, ҳамсари Зариф Абдураҳимов: «Ба онҷо бурда азобу фишор медодаанд ё не, ман ба чашмам надидаам. Лекин ҳар бор, ки ба прокуратураву милисахона даъват кунанд, акоям метарсиданд. Ман ба ин чиз ҳайрон шуда мондаам. Ин ҳодиса дар хонаи амакам шудааст».
Марги ду марди деҳа дар як моҳ сокинони онро нигарон кардааст. Пайвандони онҳо мегӯянд, ки хоҳони ҳарчӣ зудтар анҷом ёфтани тафтишот ҳастанд.
Гулсанам Абдураҳимова, ҳамсари Зариф Абдураҳимов ҳам мегӯяд, «мехоҳам одаме, ки ҳамин корро кардааст, ҳарчи зудтар пайдо шавад. Ҳама ҷо тинҷӣ аст ва мардум пайи кори худаш аст. Фақат мехоҳем ҷиноят тезтар ошкор шавад».
Кушторҳои мармузи шаҳри Конибодом дар 2 соли охир дар минтақаи Суғд мардумро ба ташвиш оварда буд. Мақомот охири соли гузашта чандин нафарро дар куштори беш аз 20 сокини он шаҳр ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд ва ду шаҳрванди Қирғизистонро дар пайгарди расмӣ қарор додаанд.
Вале ин ҳолатҳои нав ва ёфт нашудани омилони он дар дигар минтақаи шимоли Тоҷикистон, ташвишҳои мардумро дучанд кардааст.