Рубрики Ozodi

Ҳамсоягони Хусрави ҷавонмарг дар бораи ӯ чӣ мегӯянд?



Марги Хусрав Одинаев, навраси 15-сола аз маҳаллаи Меҳргони шаҳри Турсунзода, сокинони ин маҳалла ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистонро ваҳшатзада кардааст.

Тӯли чаҳор рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори Хусрави олуда ба хоку хун ва сарзаниши ӯ аз сӯи падар барои дуздии пул аз хона вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Наврасро, ки дар пайи шиканҷаи падар ҷон дод, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дафн кардаанд. Рӯзи 29-уми июл хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳали зисти хонавода ба шаҳри Турсунзода рафтанд, вале дари хонаи онҳо баста буд ва сокинони маҳалла гуфтанд, аъзои хонавода ба маросими ҷаноза ба ноҳияи Темурмалик, зодгоҳи падари Хусрав рафтаанд.

Ҳамсояҳои наврас то ҳол бовар надоранд, ки ӯ аз шиканҷаи падараш Парвиз Одинаеви 40-сола ҷон додааст. Гулистон Шамсова, ҳамсоя ва омӯзгори синфҳои ибтидоии Хусрави марҳум аз ӯ тавсиф кард: “Хусрав бачаи вазнини бачаи хуб буд. Ман муаллимаи синфи якумаш ҳастам, 4 сол дарсаш додам, кӯдаки беозор буд. Ягон чиз надошт, хайр насибаш будааст, инро ҳеҷ кас намедонад. Мо ҳам ҳамон рӯз туй доштем, хоҳарам туй дошт, дар кӯчаи ун тараф, ду рӯз буд дар ҳамон ҷо будем. Ин ҷо набудем, бегоҳӣ вақте омадем, инҷо пури одам, гуфтем чӣ гап аст, гуфтанд Хусрав мурдааст. Чӣ кор кардааст, дигар ҳеч кас намедонад. Мо ҳам намедонем. Очаш ҳамин ҷо доду вой карда, бачам гуфта, гиряву нола дошт, чӣ кор кардааст, пурсидем, ҷавоб дод, ки намедонам. Гуфт аз нисфирӯзии дирӯз дар хона набуд, кӯдакамро оварданд, ба ҳоли худ буд, гуфт писарам дар рӯи дастонам ҷон дод.»

Ҳамсояҳо бо эҳтиёт дар бораи ҳодиса суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо гуфт, падари наврасро дар маҳалла ҳамчун мулло низ мешинохтанд ва ҳайрон шудаанд, ки чаро даст ба чунин коре задааст. Як ҳамсинфи Хусрав гуфт: «Вақте шунидем, ки ҳамин ҳодиса шудааст, боварамон наомад, ки Хусравро падараш ба чунин аҳвол азоб додааст. Ҳамроҳи мо мехонд, бачаи бад набуд.»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29 июл эълон кард, ки падари наврасро бо иттиҳоми шиканҷа ва ба марг расондани фарзандаш боздошт кардаанд. Ин ниҳод бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, гумонбаршаванда 26-уми июл, тахминан соати 10 писарашро барои дуздии пулаш дар моҳи май ба миқдори 800-сомонӣ ва бори дуюм моҳи июли соли 2025 ба миқдори 600-сомонӣ гумонбар донистааст.

Вазорат гуфтааст падар барои гирифтани иқрор аз писараш Хусрав Одинаев, ӯро ба мошини “Тико” савор карда “ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи Турсунзода бурда аз ноқили тахминан думетра истифода бурда, пойҳои писарашро баста, тахминан 100-метр кашола кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта дар хонаашон ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои вазорат, ба зидди Парвиз Одинаев бо иттиҳоми қасдан расонидани зарар бо оқибатҳои вазнин парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 15 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Парвиз Одинаев соли 2007 аз ноҳияи Темурмалик ба деҳаи Меҳргони Турсунзода кӯчида омадаанд. Ӯ қаблан муҳосиби ҷамоати Регари шаҳри Турсунзода ва то замони боздошташ ба қавли ҳамсояҳо раиси маҳалла будааст. Хусрав писари бузургӣ хонавода буда, хоҳар ва ду бародар доштааст.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *