Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин сардабири пойгоҳи интернетии “Ислоҳ”, барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар кофтукоб қарор додааст.
Тибқи маълумоти нашршуда дар сомонаи расмии прокуратураи генералӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, ба он айбдор мешавад, ки соли 2010 вақте дар Дубай қарор дошт, бо ваъдаи 10%-12% даромад аз Кабутов. Н, Холов С ва Қаюмов Н 430 ҳазор$-ро гирифта дигар барнагардондааст.
Дар сомонаи прокуратураи генаралӣ навишта шудааст, ки шаҳрвандоне бо номи Неъматулло Кабутов, Сиёвуш Холов ва Носиҳиддин Қаюмов аз “кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садуридинов, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, соли таваллудаш 15-уми майи соли 1978” шикоят бурдаанд.
Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин расман дар ин бора ҷавоб дар шабакаи ютубияш баромад карда ин иттиҳомро рад кард.
Муҳаммадиқбол Садриддин гуфт баръакс шахсони номбурда аз ӯ қарздор ҳастанжд ва далелу ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар даст дорад.
Ба гуфти Муҳаммадиқболи Садриддин онҳо ҳеҷ далеле надоранд ва прокуратураи генералӣ бидуни санҷиш ин иттиҳомро ба ӯ задааст.
Муҳаммадиқбол Садриддин яке аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин авохир суханрониҳои худро ба шакли видеоӣ ва онлайнӣ роҳандозӣ кардааст. Барномаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври онлайнӣ то ҳашт ҳазор нафар тамошо мекунанд. Дар як шабонаруз барномаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин то 300 ҳазор тамошобин дорад. Дар Барномаҳояш садҳо муҳоҷирону ба мушкиҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дучор шудагон ширкат мекунанд.