Рубрики Хабарҳо

Як ҳафта ё ҳафт сол

(Чанд фикр дар бораи воқеияти шаклгирифтаи Тоҷикистон)

Меҳмоншо Шарифов

…ин ҳафта, ки гузашт  баҳои воқеъиро ба интихоботи бе интихоби Тоҷикистон Раҳнамо дод, ин руйдодро ӯ “пирузии табиӣ” номид, вале боз бо калиамаву маъниҳои вомгирифта аз дигар қаринаҳо (контекстҳо) ин руйдодро дигаргуна тафсир кард … маълум шуд, ки минотавр дар вуҷуд доштаем яъне нисф инсон ва нисф  ҳайвонем ва ин нисфи ҳайвонияти мо бар инсонияти мо ғолиб омада … ва аз қаъри торих, аз зерзамини худ, аз қаъри зершуур ва хоҳишҳои нафсонии худ минотаврро ба мақомҳои олӣ интихоб кардаанд ва гусолаи тиллоиро мепарастанд …дар ин муҳит ё дар ин интихоби табии  ҳар ки ҷуз “ягонаи давр”  даъвии ҳастӣ мекунад ё берун аз маърака, ё зиндон, ё берун аз сарзамин ва ё кушта мешавад…  ин аст ки дар ин ҷангал интихоби фарҳанги сиёсӣ нест балки интихоби табиист чунони ки Дарвин гуфта буд “natural selection”  … ин падида ва ё руйдод дигар ҳама чизро  ва ҳама касро дар ин муҳит шакл дода ва медиҳад … ҳануз кам мардум худро аз ин лобиринт (ҳазорхонаи тоҷикӣ) тавонистаанд наҷот додан…

… дигар ин ки дар ин маъракаи сиёсӣ  мардуме ки бо рақсу бозӣ машғул буданд  нишон доданд, ки дар кадом сатҳи шинохтанд … ин дигар мушкилии фарҳанг ва шинохт аст …ва фарҳанги ҳукумрони бисту чандсолаи замони бо ном истиқлол аст, ки чунин муносибатҳо шакл гирифта ва мардум зарфияти танги шинохт доранд… гуруҳе ҳам, ки мағз (brain) зеҳни (mind) онҳоро дигар ба ҳаракат намедарорад ва унсурҳои зеҳнии  онҳо дигар дар шинохти воқеият ва истеҳсоли дониш дар бораи руйдодҳо ва воқеъаҳо нақше надоранд бо санъате баланд  калима ва маъниҳоро вом гирифта чун мудофеъини шайтон (devil’s advocat) барои руйпуш кардани ҷиноятҳои ‘ҳокимони давр’ чизе мебофанд …

…ин қавм зидди фикр ва истеҳсоли фикру дониши мустақиланд ва ҳар киро ки воқеан фикри асл дорад душмани Тоҷикистон медонанад ва зери мафҳуми “Тоҷикистон” низоми паст, дузд ва худкомаи Тоҷикистонро дар назар доранд… дигар фикр дар сатҳи арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ нест ва ин ҳамаро то ба сатҳи фаҳмишҳои  маҳдуд  ва сарҳадҳои маърифатшиносии маҳдуди худ фуровардаанд…  ин қавм  ҷуз мудофеъини шайтон чизи дигаре нестан ва корбар  ҳам қимати онҳоро нағз медонад … ва ин қавм дигар ба ҳама гуна арзишу идея ва ормонҳо ва қонун чашм мепушанд ва аз ҳама гуна ҷиноят ва беадолатӣ ҳимоят мекунанд …

…фабрикаи ҷавоб ва авангардҳо, ки ҳам қобилитти шинохт ва таҳлил надоранд  маҳсули чунин муҳити интихоби табиианд … ва аз онҳо ҳамчун олоти ҳуҷум ва туҳмат задан  ба дигарон истифода мебаранд, зеро ин гуруҳ ҳуш (intelligence) надоранд … сиёсати маҳдуди идеологии вазирони маориф ва устодогни донишгоҳҳо ҳаст, ки аз фарзандони мардум тоифаи номард, лаганбардор, шиорбардор ва беҳуш таёр мекунанд ва аз байни онҳо гуё ‘роҳбарони’ ояндаро интихоб мекунанд … ин тоифаест, ки аз муҳити  окодемикӣ – хондан, таҳлилу таҳқиқ, халлоқият (creativity) ва амал дур мондааcт …зеро чунин муҳит вуҷуд надорад ва фазои маориф фасодзада ва идеологиязада шудааст… вазирони маориф танҳо болои либсопушии онҳо кор карда, ки галстук дошта бошанд ва дар маршировкаҳо фаъол бошанд …  барои ҷавонони ҳушёр (intelligence) доштан муҳит ташкил кардан зарур аст …вале ин қавм танҳо муҳити ё шароити бо таъбири ҷомеашиноси маъруф Гидденс “шароити дебиликунонӣ ё ноқисулақлкунонӣ” (debilitating circumstances) ташкил намудаанд, ки як намунааш ҳамин авангардҳо ва намунаи дигараш бечорагии ҷавонони Тоҷик дар Руссия ва дигар мамлакатҳо буд ва ҳаст … агар ин гуруҳи дар сари мансаб буда воқеан аз уҳдаи ташкили зиндагии мардум мебаромад, ҷавонони мо муҳоҷиру ғариб намешуданд, Равшану Ҷумшуд намешуданд, ва бо гуруҳҳои экстремистӣ намепайвастанд.

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *