Тоҷикистон дар нишасти солонаи САҲА оид ба андозагирии инсонӣ, ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон аз 10 то 21 сентябр баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.
Тибқи иттилоъи АП дар нишаст аз ҷониби Тоҷикистони расмӣ муовини раиси Маркази тадқиқоти стротегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ширкат мекунад.
Ширкат худ дар нишастро ҳаммроҳ бо Сафаров декани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва собиқ қумондони саҳроии Иттҳоди нерӯҳои оппозитсюни тоҷик мулло Абдураҳим Каримов низ тасдиқ кард.
Тибқи иттилоъи ин нашрия, ҳамроҳ бо онҳо дар нишаст намояндагони Вазорати корҳои хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ширкат хоҳанд кард.
Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, имкон дорад мақомот Айёмиддин Сатторов, узви собиқи ҲНИТ ва гурезаи сиёсиеро, ки тобистон ба Тоҷикистон баргашт, низ ба гурӯҳ ҳамроҳ кунанд. Вазорати корҳои дохила филме бо иштироки ӯ сабт кард, ки дар он Сатторов гӯё тарафи дигари фаъолиятҳои ҲНИТ-ро ифшо мекунад.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаҳои вобаста ба андозагирии инсонӣ масоили вобаста ба ҳуқуқи инсон баррасӣ мешавад. Вале дар ҳайати расмии давалт на омбудсмен ҳаст ва на кормнадони мақомоти интизомии Тоҷикистон.
Тибқи сенориё ҳайати Тоҷикистон бояд тамоми диққатро дар ҷаласа равонаи ҲНИТ созад ва дар бораи “ҷиноятҳо”-и он дар кишвар ҳарф занад, то масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳошия қарор гирад.
Абдураҳим Каримов
Дар ҳамин ҳол, имрӯз назди идораи САҲА дар Душанбе “гирдиҳамоии эътирозӣ” баргузор гардид. Ҳудуди сад ҷавон барои тазоҳурот плакату чӯбдаст дар даст ҷамъ шуданд. Ба онҳо чӯбдаст чӣ лозим буд, мо ҳанӯз ба даркаш нарафтем.
Ин ҷавонон талаб мекарданд, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба нишасти САҲА роҳ дода нашавад. Онҳо айнакҳои калони сиёҳ доштанд ва кепкаҳояшон сахт поён карда шуда буд, ки чеҳраҳояшон тақрибан шинохта намешуд. Соати 9-и субҳ дар Душанбе офтоб ҳанӯз барои айнакбандӣ баланд нашудааст ва метавон тахмин зад, ки тазоҳургарон амдан чеҳраҳояшонропӯшонида буданд. Шояд аз ивазшавии ҳукумат метарсанд, ки чӣ посухе ба ҳукумати нав хоҳанд гуфт?
Байни ширкаткунандагон чеҳраи Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов ошкор буд ва ӯ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ эътироз мекард. “Кабирӣ ва ҳизбаш ҷавононро гумроҳ мекунанд ва аз онҳо террорист месозанд” — мегуфт Шодмонова. Баъди додани мусоҳиба ӯ ба сараш бензин рехт ва гӯгирд ба даст гирифт, ки худашро оташ мезанад, вале кормандони пулис ӯро нигаҳ доштанд.
Тибқи иттилоъи сойти “Ахбор” “рӯзи 6 сентябр дар саҳни бинои яке аз сохторҳои қудратӣ дар Душанбе ин тазоҳуротро чанд бор машқ карданд. Дар ҷараёни тамрин аз ҷумла Гулчеҳра Шодмонова, модари роҳбари гуруҳи масъули куштори сайёҳони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) чанд бор ба рӯи худ аз бакляжка об рехта, кӯшиши худсӯзӣ кардааст, вале чанд нафаре, ки ҳангоми машқ нақши милисаро бозӣ мекарданд, монеи ин кор шудаанд”.
Дертар намояндагии САҲА дар мавриди нишаташ дар Варшава изҳорот пахш кард ва гуфт, ки ширкаткунандгонро ба нишаст даъват намекунанд, балки дарҳои он барои ҳама боз аст.
«Рӯйдоди мазкур имконияти беназирро барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иттилоъ ва баррасиҳо дар заминаи ҳуқуқи башар фароҳам меорад” — омадааст дар изҳорот.
Дар мавриди ширкати “гурӯҳҳои террористӣ” дар нишаст низ сафири САҲА дар Тоҷикистон гуфтааст «Барои мушаххас кардани ин ки то куҷо шахс ё созмоне бо фаъолиятҳои террористӣ машғул аст, феҳристи байналмилалии террористон вуҷуд дорад».