Рубрики Ozodi

Таъмини амният ё поймоли ҳуқуқи одамон? Роҳбандӣ дар Душанбе ва гӯшаҳои дигар чӣ маъно дорад?



Дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Остона ва Тошканд ҳатто дар рӯзҳои одӣ низ ҳаракат дар кӯчаҳои серодам метавонад душвор бошад. Аммо дар вақти сафари шахсони воломақом, зиндагӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар мешавад. Дар беҳтарин ҳолат, сокинони шаҳр маҷбуранд соатҳо баста шудани хиёбонҳои марказӣ ва тамбашавии нақлиётро тоқат кунанд. Дар бадтарин ҳолат, як қисми мардумро муваққатан мекӯчонанд ва ё баромадан аз хонаро манъ мекунанд.

«Маҷбур шудам пиёда равам»

Гармои тафсони моҳи июл, дамои ҳаво дар Душанбе ба 40 дараҷа расидааст. Сокинони пойтахти Тоҷикистон дар зери офтоби тафсон, қад-қади хиёбони ташрифотӣ (роҳи протоколӣ) қадам мезананд. Дар ҳар 50 метр як корманди пулис дида мешавад. Ҳамаи мағоза ва ошхонаҳои канори роҳ баста шудаанд.

Роҳи калон холӣ аз мошин аст. Ҳаракати нақлиёт дар ин қисмати шаҳри Душанбе пурра манъ шудааст. Мошинҳо дар дигар тарафи шаҳр банд мондаанд.

Баъди интизории зиёд, хомӯширо садои мошини пулис вайрон мекунад. Аз қафои нақлиёти БДА, қатори мошинҳои сиёҳшиша роҳро мегузаранд. Сокинони шаҳр нафаси сабук мекашанд, дар ниҳоят онҳо ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд.

Ин фазои шаҳри Душанбе аст, ки чанде пеш мизбони раиси ҷумҳури Муғулистон буд.

«Дар он рӯз ман аз хона барвақтар баромадам, вале боз ҳам 40 дақиқа ба кор дер кардам. Маҷбур шудам, ки бештари роҳро пиёда тай кунам,»-нақл мекунад Қаҳрамон, як сокини пойтахти Тоҷикистон.

Парвиз, хабарнигори яке аз расонаҳои маҳаллӣ мегӯяд, “маблағи роҳкирои таксӣ аз хона то ҷойи кори ман 18 сомонӣ ($ 1,8) аст, вале дар рӯзи сафари президенти Муғулистон пули таксӣ 64 сомонӣ ($ 6,6) шуд. Роҳҳои маркази шаҳр баста буданд ва барои ҳамин маҷбур шудам аз роҳҳои канори шаҳр убур кунам. Вале дар ниҳоят ба як вохӯрии муҳим дер мондам.”

Сокинони шаҳр ба ин ҳолат одат кардаанд. Барои ҳаракати шахсони баландмақом ё меҳмонони хориҷӣ мунтазам кӯчаҳо баста мешаванд, мошинҳоро ба роҳҳои канорӣ мебаранд ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам фақат то ними роҳ мераванд.

«Ҳаракат мекунам дар ин рӯзҳо нақшае накашам»

Айни чунин вазъ дар дигар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

Дар шаҳри Тошканд “тоза кардани роҳ” барои убури корвони мошинҳои шахсони баладмақом, метавонад бо усулҳои хашинтар анҷом шавад.

Тирамоҳи соли 2024 посбони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба сӯи мошине оташ кушод, ки натавонист саривақт ба корвони мошинҳои раиси ҷумҳур роҳ диҳад. Ин ҳодиса дар навор сабт шуд. Ронандаи мошин захмӣ нашуд, вале нисбати ӯ бо иттиҳоми муқобилият ба корманди давлатӣ парванда кушоданд.

Ҳодисаи монанд ба ин моҳи январи соли 2023 низ рух дода буд. Он вақт ҳам ба сӯи як мошин аз силоҳ оташ кушоданд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон баъдан гуфт, ки ин кор “тибқи тартиби муқарраршуда” анҷом шудааст.

Моҳи май ва пеш аз сафари нахуствазири Итолиё Ҷорҷа Мелонӣ ба шаҳри Самарқанд, донишҷӯёнро аз хобгоҳҳое ронданд, ки дар канори роҳ аз фурудгоҳ то марказ ҷойгир шудаанд.

Ба гузориши Озодлик, бахши узбекии Радиои Озодӣ, ин ягона ҳолат нест. Дар остонаи сафари шахсони баландмақом, зиндагӣ дар шаҳрҳои Узбекистон гӯё ях мекунад: мактаб ва донишгоҳҳо таътил мешаванд, кӯчаҳо пур аз кормандони мақомоти қудратӣ, мағозаҳо баста ва ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон сахт маҳдуд мегардад.

Дар баъзе ҳолат баромадан аз хона ва рафтан ба беморхонаҳои марказиро ҳам тамоман манъ мекунанд.

Боздиди чеҳраҳои баландмақом ва ҳамоишҳо ба ҳаёти сокинони Бишкек низ таъсири зиёд дорад. Барои намуна, Ухнаагийн Хурэлсух, президенти Муғулистон қабл аз сафар ба Душанбе, дар Қирғизистон буд. Дар рӯзҳои сафари Хурэлсух, дар пойтахти Қирғизистон низ маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳо ҷорӣ шуд.

Мақомоти қудратӣ ҳушдор доданд, ки танҳо дар вақти убури корвони мошинҳои президенти Муғулистон аз фурудгоҳи “Манас” то қароргоҳи раиси ҷумҳур, ҳаракат дар ин масир манъ мешавад. Мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки вазъро дарк карда, масири ҳаракати худро пешакӣ муайян кунанд.

Роҳҳои марказии шаҳри Бишкек баста шуданд ва нақлиётҳо дармонданд. Сайёҳон дар Иссиқкул, ки 190 километр аз пойтахт фосила дорад, чанд соат натавонистанд аз шаҳраки истироҳатии Бостер бароянд.

Тамбашавии нақлиёт дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ

«Хиёбони Манас шоҳраги пойтахт аст. Вақтеро онро мебандед, ҳама чиз ба охир мерасад. Ҳама чорабиниҳо ба монанди нишасти роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, сафарҳои шахсони баландмақом ҳамеша роҳбандӣ ва тамбашавиро ба дунбол дорад. Дар ин вазъ аз кор ба хона саривақт намеравӣ ё соатҳо дар назди чароғак мунтазир мемонӣ,»-мегӯяд Канат, рӯзноманигор аз Бишкек.

Ба гуфтаи сокинон, вазъият дар Остона, пойтахти Қазоқистон ҳам сода нест.

Ҷаннат, як сокини Остона мегӯяд, «дар рӯзи сафари меҳмонони баландмақом кушиш мекунам, ки ба ягонҷо наравам ва ҳеч нақшае накашам. Беҳтар аст пиёда ба ҷойи даркорӣ равам ё дар хона монам. Дар акси ҳол мумкин аст дар тамбашавӣ дармонам.»

Нақзи ҳуқуқи одамон ё таъмини амният?

Дар бораи маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳо, Раёсати корҳои дохилии Душанбе пешакӣ сокинонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ мекунад. Вале сокинони шаҳр мегӯянд, ки ин кофӣ нест. Баъзе сокинон вақте баста шудани роҳро мефаҳманд, ки аллакай дар миёни мошинҳо дармондаанд.

Як корманди пешини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи генералии Душанбе барои чунин ҳолатҳо мувофиқ карда нашудааст.

Яке аз хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Як намояндаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон низ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, бастани роҳҳо бар асоси қонун анҷом мешавад.

«Аз ҷумла бар асоси қарори ҳукумат дар бораи ҳамроҳӣ ва гусели ҳайатҳои расмӣ, барои кормандони мақомоти интизомӣ дастур содир шудааст ва он махфӣ аст. Инчунин Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизмат ва ҳифзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин масъаларо пешбинӣ кардааст.»

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин тадбирҳо, ки пеш аз сафари президентҳо анҷом мешавад, барои таъмини амният зарурӣ ҳастанд.

Сайфулло Сафаров

«Худое накарда агар ягон ҳодиса шавад ва кишвар бе роҳбар монад, тасаввур кунед, ки чигуна бесарусомонӣ хоҳад шуд? Барои ҳамин андешидани чунин чораҳои амниятӣ зарур аст. Корвонҳои мошинҳо барои бехатарӣ бо суръати баланд убур мекунад, то дар масир ҳодисаи изтирорӣ рух надиҳад. Мувофиқи тартиб, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки бо суръати баланд — на камтар аз 100 километр дар як соат ҳаракат кунанд. Онҳое, ки мегӯянд, чунин тартиб ҳуқуқи инсонро ба озодии ҳаракат поймол мекунад, чизеро намефаҳманд — на дар сиёсат, на давлатдорӣ ва на амният,» — гуфт Сафаров.

Ҳомии ҳуқуқи инсон аз Душанбе, ки бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ суҳбат кард, ба ин назар розӣ нест, ки таъмини амнияти шахсони баландмақом, танҳо бо роҳи манъ кардани равуои дигарон мумкин аст.

«Ҳаракати корвони мошинҳои раиси ҷумҳури ИМА тавре ба нақша гирифта шудааст, ки дар соатҳои тамбашавии мошинҳо набошад. Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо комилан баста намешавад. Фақат чорроҳаҳо фавран пеш аз гузаштани корвонҳои мошинҳои президент озод карда мешаванд. Чархбол раисиҷумҳурро барои истироҳат ба қароргоҳаш мебарад ва мустақиман аз майсаи назди Кохи Сафед парвоз мекунад,» — мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳомии ҳуқуқ таъкид мекунад, ки бастани хиёбонҳои ташрифотӣ нақзи ошкори ҳуқуқи шаҳрвандон барои равуои озод аст.

«Инҷо сухан на дар бораи ҳолатҳои истисноӣ, балки ҳолатҳои бардавом меравад. Одамон вақти кориашонро аз даст медиҳанд, аз вохӯриашон мемонанд, касе наметавонад ба додгоҳ, дармонгоҳ ва ҳатто ҷаноза равад,»-гуфт ҳомии ҳуқуқ.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *