Рубрики Хабарҳо

763 сомонии дигар. Харҷи нави соҳибони мошин дар Тоҷикистон

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз ронандагоне, ки аз шаҳодатномаи кӯҳнаи ронандагӣ ва рақами давлатии пешина истифода мекунанд хостааст, то 1-уми декабр онҳоро ба намуди навашон иваз кунанд.

Дар сурати давоми як ҳафтаи дигар иваз накардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами давлатии мошинҳо, ронандагонро тибқи моддаҳои 338 ва 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷарима интизор аст.

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки давоми даҳ соли охир иваз карда нашудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Соҳибони ин шаҳодатномаҳо, тибқи қарори БДА, онро бояд ба шаҳодатномаи нави биометрӣ иваз кунанд.

Иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ 337 сомонӣ тамом мешавад, ки аз он 248 сомонаш нархи варақаи ҳуҷҷат ва 19 сомонӣ нархи варақаи қайди вайронкунии қоидаҳои роҳ гуфта шудааст. 70 сомонии дигараш нархи маълумотномаи тиббӣ аст.

Нархи ивази рақами давлатии мошин ба соҳибаш 426 сомонӣ тамом мешавад, ки аз ин 210 сомонӣ нархи рақами давлатӣ, 210 сомонӣ шаҳодатномаи бақайдгирии нақлиёт ва 6 сомонӣ озмоиши техникӣ аст.  

Нархи ҳуҷҷатгирӣ ё ивазкунии он дар Тоҷикистон гаронтарин дар собиқ шӯравӣ ва яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои мисол ҳамин ивази шаҳодатномаи ронандагӣ баробар ба 38 доллари амрикоӣ аст, ки аз дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ба маротиб гаронтар аст.

Барои муқоиса нархи ивази шаҳодатномаи ронандагӣ дарчанд  кишвари дигарро пешкаши хонандагон мекунем:

Қазоқистон — 25 доллар;

Қирғизистон — 15 доллар;

Ӯзбекистон — 11 доллар;

Украина — 8 доллар;

Русия — 4 доллар.

Ин ҳам дар ҳолест, ки музди меҳнат дар Тоҷикистон байни кишварҳои собиқ шӯравӣ камтарин ба ҳисоб меравад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *