Сӯхтори як хона дар вилояти Томски Русия, ҷони 11 нафарро рабуда 2 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Гуфта мешавад дар ин хона 13 нафар иҷора менишастаанд, ки байнашон чанд тоҷик ҳам будаанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия сӯхтор дар як хонаи чӯбин дар деҳаи Прихулимскийи ноҳияи Асиновский шабҳангом ба вуқӯъ пайвастааст.
Мақомот гуфтаанд ин хона мутааллиқ ба як ширкати чинӣ буда онро ба шаҳрвандони ЧИн, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иҷора медодааст.
Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, то расидани воҳидҳои сӯхторхомӯшкуни Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, хона комилан ба коми оташ рафта буд. Сӯхтор 208 метри мураббаъро фаро гирифта, баъди расидани сӯхторхомӯшкунҳо боми хона ҳам фӯру рафтааст.
Расонаҳо мегӯянд ҳама кушташудаву ҷароҳатбардоштаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистонанд, аммо Интерфакс бо истинод ба консулгарии Узбекистон дар шаҳри Новосибирск навиштааст, ки танҳо 5 нафар аз қурбониёни фоҷиа муҳоҷирони узбек будаанд.
То ҳанӯз маълум нест дар он хона чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия то ҳол иттилоъе дар ин бора пахш накардаанд.