Рубрики Ozodi

Беш аз 1 млрд сомонӣ. Ҷузъиёти айбномаи Исматулло Абдуллозода ва шариконаш



Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар дониста шудаанд. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

«Аз ин ҳисоб, тасарруфи 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд,» – афзуд ӯ. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Исматулло Абдуллозода дар истифодаи нодурусти тақрибан панҷсад миллион сомонӣ айбдор мешавад.

Ба иттилои Сулаймон Султонзода, санҷиши Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе дар солҳои 2022-2025 сурат гирифтааст.

Исматулло Абдуллозода рӯзи 2-юми майи имсол аз мақомаш барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ «дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд».

Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода, аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шуд.

Тафсилот ба зудӣ дар ҳамин ҷо нашр мешавад



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *