Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, Эрон зиёда аз 30 ҳазор тонна нахи пахтаро аз Тоҷикистон харидааст.
Ин миқдор беш аз 83 дарсади ҳаҷми умумии содироти пахтаи кишварро ташкил дода, арзиши он ба 45,7 миллион доллар баробар аст.
Дар ин бора Хуршед Зуҳурзода, муовини аввали директори Агентии содироти Тоҷикистон иттилоъ дод.
Аз моҳи январ то моҳи июни соли 2025 Тоҷикистон ҳудуди 36,3 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 54,6 миллион доллар содир кардааст. Аксари пахта, яъне ҳудуди беш аз 30,9 ҳазор тоннаи он ба Эрон содир шудааст, ки ҳам аз рӯи вазн ва ҳам аз рӯи арзиш 83,61%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Ба ҷуз аз Эрон, тибқи гузориши Агентии содирот, пахтаи Тоҷикистонро Русия (ба маблағи 4 миллион доллар), Туркия (1 миллиону 970 миллион доллар), Покистон (1,1 миллион доллар) ва Чин (286 ҳазор доллар) харидорӣ кардаанд.
Нархи содироти 1 тонна пахта ба ҳисоби миёна 1506 долларро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube