Рубрики Pressa

Шакарханд. Се латифа дар як мавзуъ


Хдо бдим, кам бдим…

02.09.2025. Соат ба вақти Душанбе 11:17 дақиқа. 1 нафар занг задаву гуфт, ки аз Ванҷ аст ва хоҳиш кард: “Ҳу ҳамон байте, ки дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм хондед, такрор кунед, бо дӯстон нишастаем”. Гуфтам кадом байт? Гуфт, ҳамоне (айнан), ки “Хдо бдим, кам бдим, бисо надиме, неким каму постоянно бдим…”.

Хандидаму гуфтам:

Ризқ ончунон хуш аст, ки камкам фитад ба даст,

Заҳр аст рӯзие, ки ба якбор мерасад…

Гуфт: “Э ёфтиш!!!”.

Аз ин дида дигар касе тафсири ин байти Соибро кардан битвонад?

Гумон!!!

Сайёфи МИЗРОБ

Тақ-тақи дарвоза

Дар як маҳфили худӣ – коркунони комсомолӣ нишаста будем. Дамир базмгар буд.

Яке аз кормандони масъул аз Дамир хоҳиш кард:

– Ҳамон байда бгир!…

– Кадомша?,- пурсид Дамир.

– Ҳо…

– Ку, як мисраъашро бигӯ?

– Ҳо, шиштагияй, ки дара трақ-трақ мезанан-ку…

Дамир як табассум оварду дардод:

– Шишта будум, ними шаб, тақ-тақи дарвоза шид…

Саидҷалол САИДОВ

Ба тиреза медарояд

Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар як маърака бо ҳамкорон нишаста будем. Хабар ёфтем, ки яке аз кормандонамон бо ду кӯдак аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ҳамаи он шахсоне, ки дар он маърака нишаста буданд, маслиҳат доданд, ки шароит вазнин асту боз хотири кӯдакон дубора зиндагиро оғоз намоянд.

Зан ҳеҷ розигӣ намедод ва хоҳиши бо шавҳараш буданро надошт. Сабаб пурсидам. Ғамгин тарафам нигоҳ карду гуфт:

– Ҳамон шеър ҳаст ку, ба дар намедарояду ба тиреза омада бори дигар фиреб карда меравад, шавҳари ман ҳам мисли ҳамон аст. Илтимос, маҷбур накунед.

Шеъре, ки ӯ дар назар дошт, ба ёдам омад:

Бовар макун бар ошиқе,

К-аз мӯрӣ ояд, на ба дар.

Оне ки як борат фурӯхт,

Бифрӯшадат бори дигар…

Бозоргул КАРИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *