Имрӯз, 12 август дар шаҳри Бохтар ду майдончаи муосири футбол мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори БОхтар расман ифтитоҳ шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки майдончаҳои варзишӣ тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷавонони шаҳри Бохтар аст. Майдончаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд.
Сокинон ин иқдомро бо қаноатмандӣ истиқбол гирифта, онро имконияти арзишманд барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои маҳаллӣ медонанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ варзишро воситаи муҳими муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube