Рубрики Хабарҳо

Имзои қарордоди 25-солаи истихроҷи нафт миёни Чин ва давлати Толибон

Давлати муваққати Толибон ва ширкат чинии CPEIC қарордоди 25-солаи истихроҷи нафт дар минтақаи Амударё дар шимоли Афғонистон имзо карданд. 

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, ин тавофуқ имрӯз, панҷшанбе миён мақомоти вазорати маъдан ва нафти давлати муваққати Толибон ва мудирони ширкати  CPEIC-и Чин имзо шудааст. 

Шаҳобуддин Диловар, сарпарасти вазорати маъдан ва нафти давлати муваққати Толибон бо баёни ин ки се соли аввали ин тавофуқ ба фаъолиятҳои иктишофӣ ихтисос дорад, изҳор кард: ширкати чинӣ дар ин муддат 540 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. 

Вай муддати ин қарордодро 25 сол эълом кардааст. 

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири давлати Толибон бо таъкид бар ҳамкории ниҳодҳои давлати Афғонистон бо ширкати Чинӣ, хостори истихроҷи нафт дар ҳавзаи нафтии Амударё бар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *