Бунёди роҳ як тарафи масъала буда, муҳимияти нигоҳдории он аз бунёд кам нест. Эътироф бояд кард, ки на ҳама дар бобати моҳияти нигоҳдории роҳи автомобилгард маълумоти кофӣ доранд. Роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард мебошад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ супорида шудааст. Роҳҳои автомобилгарди музднок бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд.
Консессиядор ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад, дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбат будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад ва барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд.
Тартиби пардохт барои гузаштан аз роҳи автомобилгарди музднок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор муқаррар мегардад. Пардохти маблағи гузариш аз роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда бо гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт муайян карда мешавад. Гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт аз рӯйи иқтидори борбардорӣ, вазн, ҳаҷму андозаи воситаи нақлиёт, шумораи тири меҳвар ва дигар нишондодҳои техникӣ, инчунин стандартҳои байналмилалӣ муайян гардида, аз ҷониби консессиядор мустақилона муқаррар мешавад.
Қобили зикр аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои гузаришро аз роҳи музднок риоя намекунанд, аз ҷумла ба инфрасохтори роҳи музднок ё консессиядор зарари моддӣ мерасонанд ва ё ба ҳаракати мунтазами воситаҳои дигари нақлиёт монеа эҷод менамоянд, зарари расондашударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд. Консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд. Донистан бамаврид аст, ки аз пардохти маблағ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пулакӣ воситаҳои нақлиёти махсус, ки бо дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳанда ва садодиҳанда муҷаҳҳаз шудаанд ва барои амалисозии фаъолияти хадамоти зиддисӯхтор, милитсия, ёрии тиббии таъҷилӣ, хадамоти садамавию наҷотбахшӣ, нозироти ҳарбии автомобилӣ ва колоннаи ҳарбии автомобилӣ, ки бо рақамҳои қайди давлатии фарқкунандаи вазорату идораҳои дахлдор истифода мегарданд, озод карда мешаванд.
Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд.
Яке аз онҳо шартномаи консессионӣ бо Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» маҳсуб мешавад. Дар асоси он механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ гардид. Дарозии роҳи Душанбе – Чаноқ 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» – 897 метр, «Истиқлол» – 4998 метр, «Шаҳристон» -5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Интихоби ин Ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози душворгузарӣ махсусияти зиёд дошта, табиист, ки дар чунин ҳолат бисёр ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро ҷиҳати нигоҳдории он надоранд. Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат уҳдадориҳои дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд. Дар давоми 16 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Барои мисол, соли 2010 «IRS» барои дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чаноқ 49876 литр сӯзишворӣ харҷ карда буд.
Бинобар дар муддати кутоҳ вайрон шудани роҳи мазкур ва зарурати таври густурда таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ин нишондиҳанда бемайлон афзуда, соли 2011 201968 литр, 2012 – 310296, 2013 – 385680, 2014 – 682473, 2015 – 1 119649, 2016 – 1 036774, 2017 – 1 759427, 2018 – 1 796185, 2019 – 1 316418, 2020 – 974 012, 202 – 2 872557, 2022 – 2 832 443, 2023 – 1025581 ва соли 2024 1291586 литрро ташкил дод.
Харидории техникаву механизмҳои замонавӣ омили дигари тавсеабахши фаъолият буда, таваҷҷуҳи роҳбарияти «IRS» ба он хоса аст. Ин нишондиҳанда низ давоми фаъолият тамоюли афзоишро касб кардааст. Масалан, соли 2010 12 техникаву механизм, 2011 – 13, 2012 -14, 2013 – 17, 2014 – 15 , 2015 – 54 , 2016 – 24 , 2017 – 21, 2018 – 8, 2019 – 22 , 2020 – 7, 2021 – 6, 2022 – 15, 2023 – 4 ва соли 2024 13 техникаву механизм харидорӣ шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда бамаротиб зиёд гардида, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 – 13575 тонна, 2017 – 51551 тонна, 2018-30864 тонна, 2019 – 49862 тонна, 2020 – 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 – 39916 тонна, 2023 – 25079 тонна ва соли 2024 ба 18408 тонна асфалт расид.
Ба ғайр аз ин, бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ, сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ комёб бошад ва дар давоми 16 сол назари мардум тамоюли босуръати мусбатшавиро касб намояд.
Б.Неъматулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube