Файнэншл Таймс чаҳоршанбе дар гузориши ихтисосӣ ба нақл аз манобеъи огоҳ навишт Амрико Эронро барои таваққуфи фурӯши паҳподҳои низомӣ ба Русия зери фишор қарор додааст ва ин иқдом бахше аз “тафоҳуми нонавишта”-и густурда дар гуфтугӯҳое аст, ки бо ҳадафи танишзудоӣ ва маҳдудсозии барномаи атомии Эрон анҷом шудааст.
Файнэншл Таймс ба нақл аз манобеъи огоҳ навишт давлати Ҷо Байден ин хостаро дар музокироти ғайри мустақим дар Қатар ва Уммон дар соли ҷорӣ матраҳ кардааст. Бино бар ин гузориши ин гуфтугӯҳо дар канори музокироти табодули зиндониён анҷом шудааст, ки дар натиҷаи он ҳафтаи гузашта “чаҳор шаҳрванди эронӣ-амрико” аз зиндони Эвин ба ҳабси хонагӣ мунтақил шуданд.
Файнэншл Таймс ба нақл аз як мақоми эронӣ ва ҳамчунин фарди дигаре, ки дар ҷараёни музокирот қарор дорад навиштааст, Амрико аз Эрон хоста таҳвили паҳподҳои низомӣ ба Русияро, ки дар ҷанг бо Укроин ба кор мераванд, мутаваққиф кунад.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки Амрико ҳамчунин хостори таваққуфи таъмин ё фурӯши қисмҳои эҳтиётии ин паҳподҳо аст.
Файнэншл Таймс ба нақл аз мақомҳои эронӣ, ки яке аз манобеъи ин гузориш будааст, навишт “Теҳрон, ки расман истифода аз паҳподҳояш дар Укроинро такзиб мекунад борҳо аз Маскав хостааст то истифода аз онҳоро дар даргирӣ мутаваққиф кунад, аммо Вашингтон хоҳони “гомҳои ҷиддитаре” аст.
Мақоми эронӣ, ки бо Файнэншл Таймс сӯҳбат карда, гуфтааст ҳар ду тарафи музокирот умедворанд иқдомоташон ба коҳиши таниш бианҷомад. Ў мегӯяд ин мавзӯъ барои Эрон ба маънои мувофиқат бо “адами ғанисозии ураниум бо хулуси 60 дарсад, беҳбуди ҳамкорӣ бо Ожанси байналмилалии энержии атомӣ ва тааҳҳуд ба адами ҳадаф қарор додани амрикоиҳо” аст. Ў ҳамчунин изофа кард Амрико ҳам “аз ҷорисозии таҳрими тоза ба истиснои мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар худдорӣ кунад ва таҳримҳои нафтии ҷоришударо бо шиддати қабл контрол накунад”.
Амрико ва шуморе дигар аз кишварҳои ғарбӣ ба вижа Укроин борҳо Эронро муттаҳам кардҳаанд, ки паҳподҳои низомии худро дар ихтиёри Русия қарор дода ва Маскав аз ин таслиҳот дар ҳамалоти ҳавоӣ ба Укроин истифода кардааст.
Давлати Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст. Мақомоти Эрон мегӯянд пеш аз ҳамлаи Русия ба Укроин теъдоде паҳпод ба он кишвар фурӯхта, аммо мақомҳои Укроин мегӯянд фурӯши ин паҳподҳо пас аз шурӯъи ҷанг ҳам тадовум доштааст.
Робитаи Амрико ва Эрон дар чӣ мавқеъияте аст?
Пештар гузоришҳое мунташир шуданд, ки Амрико дар талош аст дар ҳоли гуфтугӯҳои густурдатаре бо ҳадафи танишзудоӣ ва маҳдуд сохтани барномаҳои ҳастаии Эрон аст.
Ахиран рӯзномаи “Вол стрит журнал” дар гузорише навишт Эрон барои коҳиши танишҳо, захираи ураниуми 60 дарсадии худро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш дода ва бахше аз маводи 60 дарсадро рақиқ кардааст.
Ин гузориш як рӯз пас аз эъломи тавофуқи ду кишвар бар сари зиндониён ва рафъи саддҳо аз бахше аз пулҳои блокашудаи Ҷумҳурии исломӣ дар Кореяи ҷанубӣ мунташир шуд.
Ба навиштаи Вол стрит журнал, мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ ба Эрон гуфтаанд, ки агар танишҳо тобистони имсол коҳиш ёбад, дар авохири соли ҷорӣ барои гуфтугӯҳои густурдатар аз ҷумла дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон омода хоҳанд буд.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар вокуниш ба ин гузориш навишт, ки аз ҳар гуна иқдоми Эрон барои коҳиши таниш дар “таҳдиди афзояндаи ҳастаӣ” истиқбол хоҳад кард.
Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико, мегӯяд, рӯйкарди куллии давлати Амрико нисбат ба ҳукумати Эрон пас аз тавофуқ бар сари озодии зиндониёни ду миллиятӣ дар ин кишвар тағйир нахоҳад кард ва Вашингтон ба “стратегияи боздорандагӣ, фишор ва дипломосӣ” идома хоҳад дод ва Эронро ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва ҳамчунин ирсоли паҳпод ба Русия посухгӯ нигаҳ хоҳад дошт.
Ҷанҷоли паҳподҳои Эрон
Маркази таҳқиқоти пизишкии қонунии Укроин дар ҳоли ҳозир дар ҳоли таҳқиқ бар рӯйи лошаи паҳподҳои сарнагун ё мунфаҷир шудааст. Ин муассиса қарор аст натоиҷро ба додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ирсол кунад. Гурӯҳҳои ҷудогонае аз мутахассисони хориҷӣ ҳам бо коршиносони укроинӣ дар ин ҷо кор мекунанд.
Бо ин ҳол Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон гуфта мақомҳои укроинӣ санаде дар бораи истифодаи Русия аз паҳподҳои Эрон ироа накардаанд.
Бо ин ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари Эрон дар дидор бо Владимир Путин гуфта буд “дар қазияи Укроин чунон чи шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ, мӯҷиби вуқӯъи ҷанг мешуд”, давлати Эрон мегӯяд “бетараф” ва хоҳони поёни ҷанг аст.
Иёлоти муттаҳида лошаи паҳподҳои соқит шудаи эронӣ дар Укроинро санад дониста ва гуфта асноди марбутаро дар ихтиёри мақомҳои укроинӣ гузоштааст.
Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё ва Амрико шуморе аз афроду ниҳодҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро ба хотири фурӯши паҳпод ба Русия таҳрим кардаанд.