Раҳматуллоҳ Наврӯзов омили ҳамлаи террористии Шоҳчароғ бо исми ташкилотии Салмон Асламёр аввал аз тариқи фазои маҷозӣ бо яке аз даъватгарони ДОИШ иртибот мегирад.
Хабаргузории “Тасним”-и Эрон бо такя иттилооти нав дар истинод ба манобеъаш дар бораи ҳамлагари “ҳарами Шоҳчароғ”-и Шероз Раҳматуллоҳ Наврӯзов ҷузъиёти наве дар бораи ӯ ироа кардааст.
Бар асоси ин ахбор, Раҳматуллоҳ Наврӯзов бо исми ташкилоти Салмон Асламёр ибтидо аз тариқи фазои маҷозӣ бо яке аз сарпалҳои ДОИШ иртибот мегирад.
Вай сипас барои ҳамкории амалиётӣ бо ДОИШ ба Туркия меравад ва он ҷо амалан узви ДОИШ мешавад.
Наврӯзов сипас ба Афғонистон меравад ва он ҷо наздик ба 3 моҳ таҳти омӯзишҳои ДОИШ барои амалиёти террористии мади назар қарор мегирад ва ниҳоятан барои иқдоми террористӣ вориди Эрон мешавад ва дар 13 август ҷинояти худро содир мекунад.
Гуфта мешавад дастгоҳҳои амниятии Эрон бо кашфи иртибототи Наврӯзов ба думболи зарбаи коритар ба шабакаи эҳтимолии кумаккунанда ба вай дар дохил ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотиаш эълом кард Тоҷикистон ҳеҷ дархосте аз Эрон барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ин ҳодиса дарёфт накардааст.
Ёдовар мешавем, тибқи иттилоъи мақомоти эронӣ Раҳматулло Наврӯзов рӯзи 13 август бо як мусалсали Калашников ва 240 тир ба “ҳарами Шоҳчароғ” дар Шерози Эрон ҳамла кард, вале муваффақ ба андохтани ҳамагӣ 10 тир шуд. Дар натиҷа 1 нафар кушта ва 8 каси дигар захмӣ шуданд.
Раиси кулли додгустарии устони Форси Эрон Мусавӣ рӯзе баъд аз ҳамла эълон кард 10 нафар аз афроди гумонбар дар иртибот бо ин ҳодисаи террористӣ дастгир шудаанд.
Вай гуфт: тамоми афроди боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.