Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Тошканд дар Суперлигаи Узбакистон идома медиҳад.
Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис»-и Эрон, ки аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба «Локомотив»-и Тошканд гузашт.
Тавре дар пойгоҳи маркази матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон зикр шудааст, Сафаров қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бозӣ кардааст.
Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 18 бозӣ анҷом додааст.