Рубрики Ozodi

Корхонаҳо дар Суғд роҳи халосӣ аз бебарқиро ёфтаанд



Пештар сарони ин минтақа барои ҳалли мушкили барқ ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда буданд. Зеро барои бунёди тақрибан даҳ корхонаи нав қарордод баста, аммо аз камбуди барқ нигаронӣ доштанд.

Баҳори имсол корхонаи масолеҳи сохтмонии «Арча» наздик ба 400 лавҳа ё панели офтобиро аз Чин оварда, дар масоҳати 1000 метри мураббаъ насб кардааст. Сарони корхона мегӯянд, ин панелҳо 218 киловат соат барқ медиҳанд ва харҷи онҳо дар чор сол хоҳад баромад.

Илҳом Мӯъминов, сармуҳандиси «Арча» мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз панелҳои офтобӣ 60 дарсади барқи заруриро дарёфт мекунанд ва моҳона 25 ҳазор сомонӣ суд мебаранд.

Корхонаи «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд қарор дорад. Раҳбари ин минтақа дар нишасти хабарии қаблӣ гуфта буд, ки камбуди барқ, монеи таъсиси даҳ корхонаи нав шудааст. Ҳоло ӯ мегӯяд, таҷрибаи соҳибкорони ҳамсоякишвари Тоҷикистонро истифода мекунанд.

Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд мегӯяд: «Мо ба вилояти Фарғона сафар доштем ва масъулони корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобиро барои ҳамкорӣ даъват кардем. Рӯзҳои наздик бояд биёянд. Мо бо соҳибкоронамон онҳоро шинос мекунем, то аксарияташон аз панелҳои офтобӣ истифода баранд».

Камбуди барқ дар шимоли Тоҷикистон на фақат ба хонаводаҳо дар фасли зимистон мушкил пеш овардааст, балки ба гуфтаи соҳибкорон, бунёди корхонаҳои навро зери суол бурдааст.

Намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» дар вилоят мегӯянд, Тоҷикистон бо бунёди нерӯгоҳҳои нав ин масъаларо ҳал хоҳад кард. Вале то он замон сарони Минтақаи озоди иқтисодии Суғд азм доранд, роҳҳои дигари ҳалли ин мушкилро ёбанд.

Яке аз корхонаҳои саноатии Суғд.

Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд мегӯяд, «мо ба баъзе ширкатҳои чинӣ пешниҳод кардем, ки дар ҳамин минтақаи мо корхонаи панелҳои офтобӣ таъсис диҳанд. Ҳамчунин чароғҳои офтобӣ низ истеҳсол кунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, чароғҳои офтобӣ метавонанд то 25 сол хизмат кунанд».

Вилояти Суғд зиёда аз 1200 корхонаи саноатӣ дорад ва дар онҳо 260 намуд молу маҳсулот истеҳсол мешавад. Қисме аз ин корхонаҳо дар Минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиранд ва аз имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдоранд.

Феълан дар ин минтақа бештар аз 40 ширкати дохилию хориҷӣ кор мекунад ва бо даҳ кишвари ҷаҳон додугирифт доранд.

Қисме аз ин корхонаҳо бо гази табиӣ кор мекунанд, ки панҷ сол беш баъди танаффуси чандсола интиқоли он аз Узбекистон аз сар гирифта шуд.

Минтақаи озоди иқтисодии Суғд қариб 20 сол пеш дар ҳудуди 320 гектар бунёд шуд. Ин аввалин таҷрибаи ҷалби сармоя буд, ки нисбатан муваффақ шумурда мешавад.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *