Рубрики Хабарҳо

Дар Суғд кишти пиёзро афзоиш медиҳанд

Болоравии нархи пиёз дар бозорҳо, масъулини соҳаи кишоварзиро водор намудааст, ки майдони кишти ин навъ сабзавотро бештар кунанд.

Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дурнамои кишти пиёзро шарҳ дода гуфт, соли ҷорӣ майдони кишти ин навъ зироат дар шимоли Тоҷикистон наздик ба ҳазор гектар бештар ба нақша гирифта шудааст.

Дар Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки чанд омил боиси болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардидааст. Яке аз ин омилҳо зиёд шудани талаботи бозорҳои кишвар ба маҳсули дастранҷи кишоварзони суғдӣ будааст, ки соли қаблӣ даҳҳо тон пиёз аз Суғд ба шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон интиқол шудааст.

Ба гуфти Маҳмудзода «даҳаи сеюми моҳи апрел пиёзи нав аз ҷануби кишвар ворид хоҳад шуд. Дар ҳоли воридшавии бори бештар ба бозорҳо нархи маҳсулот ба таври табиӣ поён меравад»

Аммо худи деҳқонон мегуянд, соли гузашта нархи ҳама намуди нуриҳои минералӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар вилояти Суғд беш аз 55% боло рафт ва яке аз сабабҳои асосии гарону камёфтшавии пиёз ҳамин аст.

Кишти пиёз умдатан дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад. Сеяки майдони кишт, пиёзи барвақтӣ ҳисоб шуда, асосан барои содирот пешбинӣ мешавад.

Бино ба гуфти масъулин, зимнан дар амборҳои хоҷагиҳои кишоварзии Суғд беш аз 15 ҳазор тон захираи пиёз мавҷуд аст ва ин миқдор мол то замони ворид шудани ҳосили нав, талаботи хариддорони пиёз дар бозорҳои ҳудуди ин вилоятро бароварда хоҳад намуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *