Сарҳанги Оҷонси назорати давлатии маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон Нодир Муродзоза бо иттиҳоми қаллобӣ ва талоши гирифтани пора аз наздикони як гумонбар дар кочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш дар ин оҷонс ва додситонӣ, Нодир Муродзода, сардори Раёсати назорати давлатии маводи нашъаовар дар Хатлон рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳ бо чор зердасташ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале ба гуфтаи манобеъ, сарҳанг Муродзода дар тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад.
Назари Нодир Муродзода ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Парвандаи ӯ ва чанд зердасташро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл таҳқиқ доранд.
Яке аз манобаӯеъ гуфтааст Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад.
Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Айбе, ки нисбат ба ӯ эълон шудааст, аз 94 ҳазор сомонӣ то беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маъмулан дар Тоҷикистон аксари мансабдорони боздоштшуда бо супурдани ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд.