Даҳҳо ҳазор суриягӣ бо худрав ва дигар васоили нақлияётӣ аз Идлиб ба самти марзҳои Туркия фирор карданд. Бо муҳосираи комили шаҳри Хон Шайхун, бузургтарин шаҳр дар ҷануби Идлиб, шумори оворагон бештар мешавад.
Мудири идораи беҳдоштии Идлиб ва ниҳодҳои байналмилалии имдодрасонӣ эълом кардаанд, ки дар зарфи се ҳафтаи гузашта, аз ибтидои моҳи август беш аз 70 ҳазор ғайринизомӣ аз Идлиб гурехтаанд. Нерӯҳои имдодгар гуфтанд, ки бисёре аз афроди ғайринизомӣ шабҳоро дар дохили худрав ё берун аз хона сипарӣ мекунанд.
Ҳамалоти тӯпхона ва ҳавоии артиши Сурия дар рӯзҳои ахир ба мавозеъи шӯришчиён дар Идлиб, оворагони ҷангӣ ва ғайринизомиёнро ба хун кашонда ва маҷбур кардааст, ки хона ва кошонаи худро раҳо кунанд ва ба самти Туркия бигурезанд.
Созмони милали муттаҳид ҳанӯз омори дақиқи афродеро, ки аз Идлиб гурехтаанд мунташир накарда, аммо таъйид кардааст, ки аз Идлиб хабарҳои хубе намерасад ва теъдоди зиёде гурехтаанд.
Созмони милали муттаҳид моҳи гузашта (июл) эълом карда буд, ки аз моҳи апрел беш аз 400 ҳазор нафар аз ғайринизомиёни Идлиб дар пайи ҳамалоти артиши Сурия овора шудаанд. Бар асоси гузориши Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Лондон низ, аз замони оғози ин ҳамалот дар авохири апрел то кунун беш аз 900 ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки 235 кӯдак дар миёни онҳо дида мешаванд.
Бахши умдаи оворагон ба манотиқи рустоӣ дар шимол ё ба шаҳри Идлиб ва манотиқи наздики марзи Туркия гурехтаанд.
Устони Идлиб, ки аз беш аз ҳашт сол пеш таҳти контроли мухолифон режим аст, охирин минтақае аст, ки дар даст шӯришчиён боқист.
Муҳосираи се шаҳр дар Идлиб
Хабаргузории Анатолии Туркия рӯзи чаҳоршанбе, 21 август гузориш додааст, ки нерӯҳои режими Асад бо ҳимояти ҳавои ҷангандаҳои Русия шаҳри Хон Шайхун, Муриёнак ва Куфрзито дар устони Идлиби Сурияро ба таври комил таҳти муҳосира қарор додаанд.
Дар Идлиб, ки охирин сангари мухолифони Башор Асад аст, се миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки ниме аз онҳо овора ва касоне ҳастанд, ки дар тӯли ҷанги дохилӣ дар ба дар шудаанд. Идлиб бо Туркия ҳаммарз аст ва Туркия акнун нигарон аст, ки садҳо ҳазор овораи суриягӣ ба ин кишвар паноҳ оваранд.
Комиссарияти олии умури паноҳандагони Созмони милали муттаҳид дар тозатарин гузориши худ мегӯяд, дар миёни кишварҳои ҷаҳон Туркия бо пазириши се миллиону 700 ҳазор овора ва паноҳҷӯ дар садр қарор дорад. Бештари ин оворагон шаҳрвандони Сурия ҳастанд, ки аз ҷанги вайронгар ва хонумонсӯз фирор кардаанд.