Рубрики Pressa

Рӯзноманигорону блогерон аз Бадахшон дидан менамоянд


Имрӯз, 28 август гурӯҳе аз намояндагони ВАО ва блогерон бо ташаббуси Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии Tсеll, О Mobile, МегаФон, ZET Mobile, Вавилон ва Анор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар гардиданд.

Ин сафари эҷодию сайёҳӣ ба 34-умин солгарди Истиқоли давлатӣ бахшида шуда, мақсади инъикоси он дастовардҳои соҳаи алоқа дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби ғановатҳои сайёҳӣ дар миқёси ВМКБ мебошад.

Рӯзноманигорон давоми 5 рӯз аз истигоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, марказҳои хизматрасонӣ,  рафти корҳои амалӣ аз бунёди хатти нави интернет аз Чин ба Тоҷикистон ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ ва Ишкошим дидан менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *