Рубрики Pressa

Синову Рӯдакии замони мо — Pressa.tj


Ӯ кист, ин Ибни Синову Рӯдакии замони мо?! Ва орзу дошт, ки образи Умари Хайёмро низ офарад…

Марат Орифов – писари Ҳунарманди воқеан халқии Иттиҳоди Шуравӣ Туҳфа Фозилова аст, ки имрӯз Театри шаҳри Конибодом номи ӯро дорад. Дар бораи феномени Туҳфа Фозилова ҷойи гап нест. Аҳли ҳунар, аҳли адаб навиштаанд, шояд дар фурсате муносиб ба ин мавзуъ баргардем.

Марат Орифов хеле ҷавон буд (1956, 20-сола, давраи донишҷӯиаш), ки ҳунарманди шаҳири тоҷик Комил Ёрматов ӯро барои офаридани нақши бузургвории Ибни Сино дар филми хеле машҳури “Абуалӣ Сино” ва андак баъд киносози шинохтаи тоҷик Борис Кимёгаров ба нақши Маликушшуаро Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” даъват карда ва бо ҳамин ӯ ҳамчун офарандаи рақами аввали чеҳраи бузургони адабиёти гузаштаи мо ном баровард. Ин ҳам як навъи феномен аст.

Ва, аз ҳама муҳим, Марат Орифов ба офаридани нақши ин бузургон хеле созгору муносиб буда ва ҳаргиз он замон баҳсе дар истиқбол ё радди ӯ дар ин офариниш мисоли офариниши нақши ҳазрати Ҷомӣ нашудааст. Чаро чунин буда, чунки гули сари сабади ин арса ӯро муносиб ба офаридани ин нақшҳо дониста ва ҳам дар ин роҳ иштибоҳе накардаанд. Аз киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров ин бардошташ хеле ҷолиб ва хонданиву ба ёд гирифтанӣ аст, ки ба ҳақ маҳорату салиқаи нотакрори симоофарии Марат Орифовро дар мавриди бузургони гузашта хеле хуш қоил буда ва ба он баҳои назарраси тахассусмандона додааст:

“Марат Орифов симои Рӯдакиро тасвир намуда, кӯшиш дорад аз такрор ва монандӣ бо филми “Абуалӣ Сино”-и офаридааш канораҷӯӣ намуда, вежагиҳои фардии қаҳрамони худро ҷустуҷӯ намояд. Дар саҳнаҳои нахустини филм ҳунарвар ба оҳистагӣ барои дарки афкори шоири ҷавон ҷадал намуда, оҳанги шеърҳоро бо эҳтироси хосса ва ҳаяҷони ботинӣ ҳангоми мулоқот бо мардум ифшо намуда, кӯшиши илҳому неруи зиндаи Рӯдакии Одамушшуароро илқо месозад”,- мегӯяд ҳунаршинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ.

Ҳамаи онҳое ҳам, ки филми “Қисмати шоир”-ро дидаанд (ва шояд на як бору ду бор), ҳатман ба маҳорати волои рӯдакиофарии Марат қоил шуда ва насли имрӯзу фардо ҳам, ки хоҳанд дид, агар гурдаи ҳунаршиносӣ дошта бошанд, ҳатман онҳо ҳам қоил хоҳанд шуд.

Тасаввур кунед, чӣ гуна Марат асри Х-ро ба асри ХХ меоварад, Рӯдакиро ба қаламрави тоҷикони муосир ҳозир мекунад ва ҳам асри ХХ-ро бо асри Х пайванд месозад, мафкураи инзамонии моро ба зебоишиносии асри Х мебарад. Ба чашми мо ба ҳақ Бухорову Ҳирот мерасад, ба машоми мо аз ин филм ба ҳақ бӯйи ҷӯйи Мӯлиён мерасад ва гувориши суруди нотакрори “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-ро агарчи борҳо аз қиссанигори бузургвори пешин Низомии Арӯзии Самарқандӣ хондаем, аммо ҳамаи мо ин ҳиссаи қиссаи ҳазрати Рӯдакиро ба шарофати ҳунари офаринишгарӣ ва назокати лаҳни гуфтори Марат Орифови Кандӣ ба дурустӣ эҳсос мекунем…

Туҳфа Фозилова

Марат Орифов ҳанӯз 21-сола буд, ки барояш унвони Ҳунарманди хидматнишондодаро сазовор донистанд. Ва баъди ин дар бештари маврид Марат Орифов дар филмҳо нақши аввалро бозидааст. Ва аҷиб ин аст, ки бо ин ҳама фарорафти ҳунари нақшофарӣ унвони баланди Ҳунарманди халқиро дар 64-солагияш дар замони Истиқлоли миллии мо дарёфтааст.

Дар маҷмуъ нақшҳои зиёде дар филмҳои бадеӣ офарида ва ҷоизаҳои зиёде дарёфтааст. Ҳамзамон чандин филмҳои бадеии офаридааш, аз ҷумла “Нисо” аз рӯйи романи Павел Лукнитский, (1964), “Дили ман дар кӯҳсор” (1969), “Асрори қабила” (1970), “Муҳосира” (1977), “Бо табассум нигар” (1983), “Санги кабуд” (1972), “Савганд” (1973) ва ғайра хеле номоваранд.

Як нуктаи дигарро ҳам аз рӯзгори ҳунарии ӯ аз нақли ҳамсари ҳунарманд Геновайте Орифова хондам, мехоҳам дигарон ҳам, агар нахонда бошанд, хонанд, ки хеле ҷолиб аст: “Соли 1977 филми ҳунарии “Муҳосира” бо коргардонии Марат ба навор гирифта шуд, ки ба ҷуз нақши асосӣ – Ҷӯрабек Марат низ он ҷо нақши дувум ҳам дошт. Ин ҳолат дар ҷараёни филмбардорӣ рух дод. Ҳангоми наворгирӣ маълум шуд, ки нақши босмачиеро, ки таблиғоти зиддишуравӣ мебурд, ба касе насупоридаанд. Давоми чанд дақиқа бо тағйири рӯю либос Марат вориди кадр гардиду онро бозид. Нахустин намоиши филми “Муҳосира” дар бинои муассиса барпо гардид ва дар он Туҳфа Фозилова – модари Марат низ даъватӣ буданд. Ҳангоми тамошо хушдоманам Маратро дар нақши дувум нашинохта, иброз карданд: “Ин босмачиҳо дар ҳақиқат душманони хунхори миллат буданд. Дидед, намояндааш чӣ гуна андоми хасмона дорад? Аз куҷо ёфтед ин афти хунукро?”. Ҳама хандиданд ва Марат хам шуда ба гӯши модараш офарандаро муаррифӣ кард. Туҳфа-хонум “Эй вой, аз дасти босмачиҳо писари худама нашинохтаме”,- гуфта, ҳозиринро боз ҳам механдонад”…

Рӯҳи ин ҳунарвари номвар шод бод!

Субҳони АЪЗАМЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *