Давоми соли равон дар вилояти Хатлон 61 нафар дар об ғарқ шудаанд. Мутаассифона, миёни ғарқшудаҳо кӯдакон бештаранд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки то 11 августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 61 нафар дар об ғарқ шуда, 38 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Гуфта мешавад, ки сабаби асосии ғарқшавии сокинон надонистани қоидаҳои шиноварӣ, беназоратии волидон ва оббозӣ дар ҷӯю наҳрҳои барои шиноварӣ номумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube