Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхирр дастгир намуданд. Номбурда дар содир намудани ҷинояти ба марг расонидани кӯдаки хурдсол гумонбар дониста мешавад.
Бахтиёри Намоз 22-юми августи соли ҷорӣ, дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев Назаров С., 6-сола, ки фарзанди ҳамсараш мебошад, латукӯб намуда, ба таври маҷбурӣ маҳсулоти тамокуро (нос) ба даҳони кӯдак андохтааст. Дар натиҷа ноболиғ Назаров С., дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Бахтиёри Намоз дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шакли видео дар телеграмканали Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube