Рубрики Pressa

Дар Тоҷикистон давоми 8 моҳ беш аз 1,5 миллион тонна ангишт истихроҷ шуд


Дар 8 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ин иттилоъ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Аз ҷониби 16 корхона дар 13 кон ангишт истихроҷ карда шудааст. Аз ҳаҷми умумии истихроҷ, 678,5 ҳазор тонна (45%) аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 868,7 ҳазор тонна (55%) аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истеҳсол шудааст.

Ҳамчунин, 618 ҳазор тонна (39%) бо тарзи кушод ва 929,3 ҳазор тонна (61%) бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.

Дар ҳамин давра фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли гузашта беш аз 1,3 миллион тоннаро ташкил дод. Аз ин ҳаҷм 599,7 ҳазор тонна ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2-и шаҳри Душанбе расонида шудааст. Ҳамчунин, 307,8 ҳазор тонна ангишт ба хориҷ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 248,6 ҳазор тонна зиёд буда, арзиши он 10,1 миллион доллари ИМА мебошад.

Айни замон дар корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт 758 адад техникаи махсус ва 2423 нафар кормандон фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *