Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи шадиди пурқурбонӣ дар Афғонистон, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва захмӣ шудани ҳазорон шаҳрванд гардид, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чунин омадааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст».
Дар асоси иттилои мақомоти Афғонистон, дар натиҷаи заминларзаи ахир дар вилоятҳои Кунар ва Нангарҳор 812 нафар ҷон бохта, беш аз 2 817 нафар захмӣ шудаанд.
Танҳо дар вилояти Кунар шумораи қурбониён то 800 нафар ва маҷруҳон то 2 500 нафар расидааст. Ҳодиса асосан дар вулусволиҳои Нургул, Сукӣ, Вутапур, Монугӣ, Чападара ва дигар минтақаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube