Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли ҷорӣ вориди Суис хоҳад шуд. Рӯзи 7 ноябр ӯ аз Фаронса дидан мекунад. Қарор аст Раҳмон дар як сафари якҳафтаина аз чанд кишвари Аврупоӣ боздид кунад.
Ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ба Паём муяссар шуд аз се манбаъ дар сатҳҳои гуногун тасдиқи хабарро пайдо кунад. Як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки омодагӣ ба сафар ду ҳафта аст идома дорад ва ба ҳамаи онҳое, ки машғули омодасозии сафар ҳастанд сахт таъкид шудааст, ки аз ифшои он ҳатто ба наздикони худ худдорӣ кунанд.
Сафари таблиғотӣ
Манбаъи дигар гуфт барномаи сафар чандон васеъ набуда, дар назар нест қарордоди муҳиме имзо шавад. Имкон дорад қарордодҳо дар сатҳи муҳити зист, кӯмакҳои якдафъаина ва ҳамин монанд масоили ҳамешагӣ тамом шаванд.
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон солҳо талош дошт сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоиро ташкил кунад, аммо ҳеҷ кишваре ҳозир ба қабули ӯ намешуд. Барои ин ноӯҳабароӣ, тибқи иттилоъи манобеъи Паём, вазорат борҳо мавриди сарзаниши Дастгоҳи раисҷумҳур ва шахси ӯ шудааст. Баъди як баромади раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки гуфт ба мухолифон муяссар шудааст ҷилави сафарҳои Раҳмон ба кишварҳои мутамаддинро бигиранд, ин фишор болои вазорати хориҷӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳоло иҷозаи сафари Раҳмон ба ду кишвари муҳими Аврупо ба даст омадааст, аммо он бештар сафари сайёҳӣ аст, на давлатӣ ё корӣ. Ҳарчанд имзои ҳеҷ қарордоди муҳиме дар назар нест, ин сафар барои раисҷумҳури Тоҷикистон аз ду ҷиҳат муҳим аст: дурӯғ баровардани даъвои мухолифон ва ба ҷомеъаи кишвар намоиш додани “эътирофи байналмиллалии “Пешво””, ки дар арафаи интихобот таблиғи баде нест.
Ба хотири ин сафар раисҷумҳур ширкат дар ҷашну чорабиниҳои бахшида ба 25 солагии қабули Сарқонуни кишварро ҳам лағв кардааст. Ҳарчанд ӯ худро ҳомии Сарқонун меномад ва қарор буд 25-солагии онро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирад. Чун “Пешво” наметавонад худро саҳим дар Истиқлолият эълон кунад (ҳарчанд гоҳе чунин кӯшишҳое ҳам ба назар мерасанд), қабули Сарқонунро, ки дар замони раёсати ӯ анҷом пазируфтааст метавонад дастоварди худ шуморад. Бинобарин болои он зиёд такя мекунад ва ҳатто “афви тиллоӣ”-ро ҳам ба 25-солагии қабули Сарқонун пайванд дод. Аммо ба назар мерасад сафари таблиғотӣ ба Аврупо барояш муҳимтар аст.
Тарс аз тазоҳуроти мухолифон
Яке аз сабабҳои пинҳон доштани сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, тарс аз тазоҳуроти мухолифон дар кишварҳоест, ки ӯ мехоҳад аз онҳо боздид кунад. Ҳарчад тазоҳуроти мухолифон алайҳи раисҷумҳур дар тамоми дунё як кори маъмулист, барои Раҳмон чунин нест.
Манобеъи Паём мегӯянд ӯ тарси фарогире, ҳатто метавон гуфт ваҳшат аз камтарин тазоҳуроту эътирози аланӣ дорад. Тибқи тахмини коршиносон, ин бештар ба бемории равоние, ки аксари диктотурон доранд, рабт дорад.
Таибиист, ки бо ошкор шудани сафари ӯ, мухолифони дар Аврупо сукунат дошта ба “пешвоз”-и ӯ хоҳанд рафт. Барои ғофилгир кардани онҳо амр шудааст сафар то анҷом ёфтанаш пинҳон нигоҳ дошта шавад. Расонаҳои давлатӣ ҳам дастур гирифтаанд аз ҷузъиёти сафари раисҷумҳур дар ҳар кишвар баъди тарки он гузориш диҳанд ва қасди кадом кишвар карданашро эълон накунанд.
Тарс аз табаддулот
Манобеъ мегӯянд, Раҳмон на танҳо аз тазоҳурот, балки аз табаддулоти давлатӣ низ тарс дорад. Ӯро як ивҳоме, ки дар набуданаш атрофиёнаш метавонанд табаддулот кунанд фаро гирифтааст ва пайваста муроқиби онҳоест, ки ин имконро доранд.
Раҳмон ҳатто дар сафарҳои дохили кишвар имкони табаддулотро сарфи назар намекунад ва барои пешгирӣ аз он ҳамаи вазирону генералҳоро ҳамроҳаш мегардонад. Тибқи гуфтаи яке аз манобеъ, тарси ӯ аз табаддулот баъди мухолифати Путин ба ҷойгузинсозии писараш Рустами Эмомалӣ сахт афзудааст.
Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон на танҳо ба Аврупо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. То парвозаш ба Ашқобод, сафараш ба нишасти сарони ИДМ дар Туркманистон ҳам пинҳон дошта мешуд.