Се даста а 1/8 финол роҳ ёфтанд. Наврасони тоҷик имшаб ба масофи Испониё мераванд
Дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола ва Нигерия пешакӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17 ноябр идома меёбад, роҳ пайдо карданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Бразилия, ки дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Канада бо ҳисоби 4:1 ва дастаи мунтахаби Зеландияи Нав бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз мақоми аввал касб намудааст. Дастаи мунтахаби Ангола низ дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Зеландияи Нав ва Канада бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, шаш имтиёз гирифтааст. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Ангола дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби Нигерия дар гурӯҳи «В» бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Футболбозони навраси ин кишвари африқоӣ дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Венгрия бо ҳисоби 4:2 ва Эквадор бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил аст, баъди натиҷагирии даври аввал бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Испания бо якимтиёзӣ ҷойҳои дуюму сеюмро касб намудаанд. Дастаи мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.
Бозии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31 октябр (1 ноябр, соати 01:00 бо вақти Душанбе) ба муқобили дастаи мунтахаби наврасони Испания доир мегардад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Камерун бо дастаи мунтахаби Аргентина рақобат мекунанд.
Натиҷаи бозиҳо ва мавқеи дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия
Бразилия – Канада – 4:1
Зеландияи Нав – Ангола – 1:2
Ангола – Канада – 2:1
Бразилия – Зеландияи Нав – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Бразилия | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-1 | 6 |
2 | Ангола | 2 | 2 | 0 | 0 | 4-2 | 6 |
3 | Канада | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-6 | 0 |
4 | Зеландияи Нав | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-5 | 0 |
Нигерия – Венгрия – 4:2
Эквадор – Австралия – 2:1
Нигерия – Эквадор – 3:2
Австралия –– Венгрия — 2:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «В»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Нигерия | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-4 | 6 |
2 | Эквадор | 2 | 1 | 0 | 0 | 4-4 | 3 |
3 | Австралия | 2 | 0 | 0 | 1 | 3-4 | 1 |
4 | Венгрия | 2 | 0 | 0 | 1 | 4-6 | 1 |
Фаронса – Чили – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Гаити – 2:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «С»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Фаронса | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
2 | Кореяи Ҷанубӣ | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 | 3 |
3 | Гаити | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 | 1 |
4 | Чили | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
ИМА – Сенегал – 1:4
Ҷопон – Нидерланд – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Сенегал | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-1 | 3 |
2 | Япония | 1 | 1 | 0 | 0 | 3-0 | 3 |
3 | ИМА | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-4 | 0 |
4 | Нидерланд | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-3 | 0 |
Испания – Аргентина – 0:0
Тоҷикистон – Камерун – 1:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Тоҷикистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
2 | Аргентина | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
3 | Испания | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
4 | Камерун | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Ҷазираҳои Соломон – Италия – 0:5
Парагвай – Мексика – 0:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «F»
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Италия | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-0 | 3 |
2 | Мексика | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
3 | Парагвай | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
4 | Ҷазираҳои Соломон | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-5 | 0 |